СУҒД. ГУЗОРИШ АЗ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲА

23 апрел 2025, Чоршанбе
21
Дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодии вилоят дар се моҳи соли равон баргузор гардид. Нахуст, аз рӯи ин масъала муовини раиси вилоят Файзулло Қосимӣ гузориш дод.
Муовини раиси вилоят, аз ҷумла иброз дошт, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 457 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 64,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи воридоти андоз барои захираҳои табиӣ 112 дарсад, андоз аз арзиши иловашуда 106,7 дарсад таъмин шуд.
Дар ин давра ҳаҷми тавлиди маҳсулоти саноатӣ ба 8,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш, бо назардошти индекси нархҳо, 133,3 дарсад таъмин шуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот: орд, равғани рустанӣ, маҳсулоти нонӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024 тамоюли афзоиш доранд. Дар ин давра 1242 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуд, ки 240 намуди маҳсулот истеҳсол мекунанд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар ин давра 37 корхонаи нав бо 229 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ кард. Натиҷаҳои истеҳсолӣ дар самти тавлиди маҳсулоти тайёри доруворӣ, сарулибоси мактабӣ, пойафзол низ назаррас мебошанд.
Файзулло Қосимӣ, ҳамчунин, фаъолияти семоҳаи соҳаи калидии вилоят – кишоварзиро мусбат арзёбӣ карда, афзуд, ки ба ҳолати 1-уми апрел дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, нишондод ба 109,3 дарсад баробар гашт. Маҳсулоти соҳа: гӯшт, шир, тухм, гӯшти паранда, моҳӣ афзудааст.
Бо назардошти дастури Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди боғҳои замонавии интенсивӣ дар вилоят 72 гектар боғи интенсивӣ бунёд шуд, ки аз нақша зиёд мебошад.
Баъди гузориши Файзулло Қосимӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати боз ҳам равнақбахшии соҳаҳои хоҷагии халқ, омилҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, ба таври васеъ истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда дар ҳамаи самтҳо назари хешро баён кард.
– Зиёд гаштани ҳаҷми содироти маҳсулот, ин аст қадами ҷиддии истеҳсолкунандагони вилоят дар вусъати иқтисодиёт. Хушбахтона, дар ин самти муҳим дар се моҳ афзоиш нисбат ба соли 2024 ба 52,3 дарсад расид, ки қобили зикр аст. Боз метавонем дар ин ҷода истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро дар бахшҳои маводи озуқа: равғани рустанӣ, шириниҳо, обҳои гуногуни ташнагишикан, маҳсулоти спиртӣ, тамоку, дар бахши маводи шустушӯй: собуну моеъҳои гуногун, хамираҳои дандоншӯйӣ, дар бахши маҳсулоти бинокорӣ, сарулибос имкониятҳоро дучанду сечанд истифода барем. Барои ин дар вилоят тамоми шароитҳои моддиву техникӣ муҳайё шудааст, фақат ташаббускорӣ зарур асту бас, – таъкид кард раиси вилоят.
Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамчунин, ба роҳбарони як қатор идораю ташкилот, корхонаву муассисаҳо, раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Панҷакент, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ, беҳтар истифода намудани имкониятҳо, дастгирии соҳибкорон, сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастурҳои мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79