Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Семён Григорев
22-юми апрел Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Россия дар Тоҷикистон Семён Григорев мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории байнидавлатӣ, муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Россия табодули афкор намуданд. Таъкид шуд, ки муносибатҳои байнипарлумонӣ пайваста густариш ёфта, ба рушду таҳкими муносибатҳо заминаи устувор фароҳам меоваранд.
Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Рашт
22-юми апрел Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Рашт шинос шуда, бо мардуми аз офати табиӣ зарардида суҳбат намуд.
Сарвазир ҳангоми аёдати бемороне, ки дар натиҷаи рух додани заминларза ҷароҳати гуногун бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудаанд, иброз намуд, ки онҳо таҳти ғамхории Ҳукумат қарор доранд. Ҳамчунин, аз анбори захираи маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонии КФД “Захира дар минтақаи Рашт”-и Агентии захираҳои моддии давлатӣ дидан кард.
Ҷаласаи Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ
«Соли 2024 ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон 114 миллион сомонӣ сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб гардид», – чунин иттилоъ доданд дар ҷаласаи Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Ҳоким Холиқзода баргузор гашт.
Зикр шуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 107 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 41 субъект ба МОИ «Суғд», 36 субъект ба «Данғара», 9 субъект ба «Кӯлоб», 17 субъект ба «Панҷ» ва 4 субъект ба «Ишкошим» рост меояд.
Вохӯрии вазири молия бо роҳбарони ширкати «Alvarez & Marsal»
21-уми апрел дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар Вашингтон, вохӯрии вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбарони ширкати «Alvarez & Marsal» баргузор шуд.
Дар Вазорати молия ба мо тавзеҳ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рақамикунонии идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии раванди буҷетӣ ва татбиқи қарорҳои муосир дар соҳаҳои маъмурикунонии андоз ва гумрук баррасӣ намуданд.
ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
Ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ
22-юми апрел дар шаҳри Душанбе вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва вазири кишвари Эрон Искандар Муъминӣ мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм баррасӣ шуданд.
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН