САНГВОР. АЗ АФЗОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ТО РУШДИ МАОРИФ

24 апрел 2025, Панҷшанбе
8
– Солҳои соҳибистиқлолии кишвар, дар баробари дигар шаҳру навоҳӣ, барои сокинони ноҳияи Сангвор давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафт ва ободии Ватан маҳсуб меёбад, – гуфт раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат дар суҳбат бо “Ҷумҳурият”.
Раиси ноҳия, ҳамчунин, доир ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ноҳия ибрози назар намуда, аз ҷумла гуфт, ки кишоварзӣ дар минтақаҳои кӯҳистон соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунанд. Дар ин самт кишоварзони ноҳия тирамоҳи соли 2024 барои ҳосили соли 2025 дар майдони 276 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронданд, ки 106 фоизи нақшаи кишти тирамоҳиро ташкил медиҳад. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2025 ба 16,2 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар ин самт шуъбаи кишоварзӣ ва масъулини соҳаро мебояд, ки бо истифода аз агротехникаи пешқадам дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзӣ рӯёндани ҳосили дилхоҳи зироатҳоро ба даст оваранд.
Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ барои беҳбуди саломатии аҳолӣ нигаронда шудааст. Барои ҳифзи солимии аҳолӣ дар ноҳия беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, чор маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, шуъбаҳои бемориҳои даруна, ҳуҷраҳои мубориза бар зидди бемориҳои сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ ва танзими оила ва ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона фаъолият доранд.
Маориф соҳаест, ки пешрафти давлату миллат ба он марбут аст. Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ноҳия 58 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 5196 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар 27 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забони русӣ, англисӣ, математика, забон ва адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ ташкил шудааст. Гарчанде пояи моддӣ- техникиашон ба таври ҳозиразамон набошад ҳам, ба қадри ҳол бо таҷҳизоти зарурӣ, маводҳои таълимӣ таъмин гардидаанд.
Дар назди шуъбаи маориф маркази таҳсилоти иловагӣ бо ҳашт намуди маҳфил, маркази технологияи информатсионӣ ва маркази рушди истеъдодҳо фаъолият мекунад.
Фаъолияти бахши фарҳанги ноҳия дар баргузории чорабиниҳо, ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ, барои боз ҳам беҳтару рангинтар намудани ҳаёти ҷамъиятӣ ва болидаруҳии мардум назаррас мебошад.
Дар умум, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор нақшаву барномаҳои қабулнамуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллатро дар мадди аввал гузошта, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо аз тамоми имконият истифода менамояд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81