ЭҲЁИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ “НАВРӮЗ”
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз 1 то 6-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад.
Дар Фестивал намояндагони театрҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон ва Русия иштирок менамоянд.
Ҳадаф густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ мебошад.
Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат то соли 2011 баргузор мегардид.
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧИН
Аз 25 то 29-уми апрел Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мешавад.
Барномаҳои фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои Пекин ва Сиян пешниҳод мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.
“НАКҲАТИ БАҲОР”-И ҲИКМАТЗОДА БА НАМОИШ ГУЗОШТА ШУД
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Накҳати баҳор» аз рӯйи жанри кундал намоиши асарҳои эҷодии рассоми ҷавон Муҳаммад Ҳикматзода ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш зикр гардид, ки кундал ҳамчун навъи санъати ороиши амалӣ дар санъати меъморӣ ва наққошии мардуми тоҷик мақоми хосса дорад.
Намунаҳои ин усули санъат бори аввал дар лавҳаҳои кошинкории биноҳои асри XIV, дар ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Шаҳрисабз ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ истифода гардида, то имрӯз маҳфуз дошта шудаанд.
Намоиши асарҳо дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон то 10-уми май идома меёбад.
Гулнисои САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ