Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон

24 апрел 2025, Панҷшанбе
22
23-юми апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад, ки дар иҷлосия лоиҳаи як қатор қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Антонелла Бассани
22-юми апрел дар ҳошияи баргузории ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода бо муовини президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои таҳкими ҳамкориро дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ, идоракунии молияи давлатӣ, захираҳои энергетикӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва маблағгузории устувор баррасӣ намуданд.
Баррасии масоили мубрами макроиқтисодӣ
22-юми апрел дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор гардид.
Тавре дар Вазорати молия ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами макроиқтисодӣ, идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ (PCI) ва дурнамои татбиқи минбаъдаи барномаҳои дастгирии техникӣ ва молиявиро баррасӣ намуданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ҳизбҳои сиёсии давлатҳои аъзои СҲШ
Намояндагони ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода дар Форуми ҳизбҳои сиёсии давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Шинҷони Уйғури Чин ҷараён дорад, иштирок намуданд.
Ба хабарнигори мо дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иттилоъ доданд, ки дар доираи Форум М. Неъматзода бо намояндаи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин Чэн Чжоу вохӯрд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар доираи СҲШ таҳким ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд.
Масъалаи барӯйхатгирии соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд
Масъалаи барӯйхатгирии соҳаи кишоварзӣ зимни вохӯрии директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, зимни мулоқот директори Агентӣ гузарондани барӯйхатгирии кишоварзиро қисми муҳими соҳа дониста, ҳадафи асосии онро ҷамъ овардани маълумоти дақиқ оид ба соҳаи кишоварзӣ муайян намуд.
ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ
Ҳамкориҳо дар самти рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва рушди бозиҳои миллӣ дар вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия дар Душанбе Ибраҳим Этнем Унал баррасӣ гардиданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои бунёди толори нави гӯштингирӣ барои донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, баргузории чорабиниҳои дуҷонибаи муштараки сатҳи байналмилалӣ, табодули таҷрибаи варзишгарони ду давлат ва муҷаҳҳазгардонии Маркази рушди инноватсионии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласа вобаста ба содагардонии расмиёти савдо
22-юми апрел дар Душанбе бо ташаббуси Агентии содирот таҳти унвони «Рушди содирот: дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, бартараф намудани монеаҳои маъмурию техникӣ ва содагардонии расмиёти савдо» ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами раванди содагардонии расмиёти содирот, мушкилоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунанда, бахусус соҳаи парвариши пахта, дарёфти роҳи ҳалли монеаҳои ҷойдошта ва рушди содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81