ҚАЛЪАИ ҚАҲРАМОН
Қалъаи Брест солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ шуҳрати беандоза дошт. Шаҳри Брест ва Қалъаи Брест нахустин маконҳое буданд, ки соати 4-и 22-юми июни соли 1941 мувоҷеҳи гулӯлаборони шадиди фашистони ҳитлерӣ аз замину осмон гаштанд. Ҳар сол ҳазорҳо нафар сайёҳон, ҷавонон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, умуман мардуми сулҳдӯсти дунё, ба ин қалъаи қаҳрамонон, ҷонбохтагони диловари меҳанпараст омада, ба ёди онҳо ашк мерезанд; далеронро ба хотир оварда, гул мегузоранд ва дар назди руҳи поки шаҳидони роҳи озодӣ сари таъзим фуруд меоранд.
Қалъаи қаҳрамони Брест дар наздикии шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус, дар мавзеи резишгоҳи дарёи Мухаветс ба дарёи Буг дар асри ХIХ барои ҳимояи самти ғарби кишвари Рус сохта шудааст. Қалъа истеҳкомҳои зиёд дорад. Вақте ки фашистони немис ҳуҷум оварданд, қалъаро қисмҳои ҳарбии дивизияҳои тирандозии 6 ва 42-юм, марзбонони дастаи сарҳадии 17-ум ва 132-юми баталиони НКВД, ҷамъ 3,5 ҳазор аскару афсар, ҳимоя мекарданд.
Ба қалъа ҷангиёни дивизияи пиёдагарди 45-уми ҳитлерӣ бо дастгирии танку артиллерия ва самолётҳои бомбаандозу қиркунанда ҳуҷум оварда, гарнизони аскарони сурхро дар соатҳои нахустини амалиёт ба муҳосира гирифтанд. Муҳориба барои ҳаёт ва ҳам мамот мерафт. Муҳофизони қалъа аз нарасидани маводи ҷангӣ ва ҳам ғизо, махсусан аз оби нӯшоӣ, азоб мекашиданд. Ҳарчанд қалъа дар шафати ду дарё қад кашида буд, оби тоза намерасид. Душман роҳи сӯи дарёҳоро баста буд. Ҷанги хунин аз 22-юми июн то 20-уми июли соли 1941 ба шиддат идома ёфт. Қариб як моҳ дивизияи механиконидашудаи аду қалъаро гирифта натавонист. Минск ба дасти душман афтод, вале ҳамоно Брест сарболо буд, муҳофизонаш ғосибонро қир мекарданд, вақте тир тамом шуд, бо дасту дандон меҷангиданд. Сарбозони диловар, афсарон, намояндагони 30 миллат: беларусу украин, тоҷику рус, ӯзбеку қазоқу тотор, қавмҳои Сибир ҳама ҷон мебохтанду таслим намешуданд.
Фашистони немис дар шаҳри Брест режими оккупатсиониро роҳандозӣ намуданд, дар лагери консентратсионӣ зиёда аз 27 ҳазор аскару афсари Артиши сурхи коргару деҳқони СССР бо азобу шиканҷаҳои зиёд кушта шуданд. Баъди ғалаба бар фашизми ҳитлерӣ дар шаҳри Брест ва Қалъаи Брест ёдгориҳои зиёде гузошта шуданд, ки аз корномаҳои муҳофизони Қалъа ҳикоят мекунанд. Ҳайкалҳо то сад метр қад афрохтаанд. Шукӯҳу ҷозиба доранд онҳо, ҷавононро ба ватандӯстӣ ва ҳифзи Меҳан ҳидоят менамоянд. Китобҳои зиёди бадеиву ҳуҷҷатӣ ва киноҳо низ офарида шудаанд. 8-уми майи соли 1965 ба Қалъаи Брест унвони олӣ – Қалъаи Қаҳрамон дода шуда, бо ордени Ленин ва медали «Ситораи тилло» қадр гашт. Ҳар сол, 9-уми май, дар Рӯзи Ғалаба оромгоҳи 850 муҳофизи Қалъаи Брест гулпӯш мешавад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН