ЗАЙНУЛЛОИ ТАНКИСТ

24 апрел 2025, Панҷшанбе
11
Дар ҳар давру замон номи қаҳрамонҳо ба ҳофизаи таърих меравад ва ҳамеша вирди забонҳо боқӣ мемонад. Миллати сарбаланди тоҷик фарзандони қаҳрамони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, балки ба кору пайкори онҳо ҳамеша арҷ мегузорад. Дар ин матлаб аз корномаи нафаре қисса мекунем, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқобили фашизм сина сипар намуда, аз худ қаҳрамонӣ нишон додааст.
Ҳитлерчиён соли 1941 аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум намуданд. Барои Ватанро аз ҳуҷумҳои пайравони Ҳитлер наҷот додан фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ва дигар халқиятҳои бародар муқобили душман бархостанд, ки дар миёни онҳо Зайнулло Алиеви 17-сола ҳам буд.
Зайнулло Алиев 12-уми ноябри соли 1925 дар деҳаи Гули Зиндони собиқ ноҳияи Кангурт, ҳозира Темурмалик, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Бо оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба артиш даъват шуд. Соли 1942 бидуни машғулиятҳои ҳарбӣ ва таҷрибаи ҷанг ба майдони набарди хунин баромад. Хизматро дар ҳайати фронтҳои Ленинград ва Белорусия адо намуда, дар муҳорибаҳо барои озод кардани Ленинград, Калелин, Молдова, Венгрия ва дигар минтақаҳои ишғолӣ иштирок намуда, аз худ корнамоиҳои зиёд нишон дод.
– 200 - 300 нафари моро аз деҳаи Гули Зиндон ва шаҳри Норак Ойматови райком бо пойи лучу пиёда аз шаҳри Норак ба шаҳри Душанбе оварданду дарҳол дивизия карданд. Балухин командири ротаи мо шуд. Аз шаҳри Душанбе моро рост ба фронт бурданд. Роҳҳои пурмашаққат ҷони чандин нафарро гирифт. Дар аспароба савор карда, ба майдони ҷанг оварданд. Ҷанги бошиддат мерафт. Ба мо яроқ доданд, ки намедонистам чӣ гуна тир парронам. Дар майдони муҳориба тир хӯрдам ва маро ба шаҳри Калелин оварданду табобат карданд. Ҳамин ки сиҳат шудам, боз ба майдони ҷанг даромадаму даҳҳо душманро нест кардам, - мегӯяд бобои Зайнулло.
Ин қаҳрамониҳои ҷавони 17-соларо командири рота дида, ангушти ҳайрат мегазид. Ба зудӣ қаҳрамониҳои бобои Зайнулло ба гӯши фармондеҳон мерасад ва ҷавони ватандӯсту серталошро ба ротаи танкҳо равон мекунанд. Дар ин рота низ қаҳрамониҳо нишон дода, танкҳои душманро ҳадаф қарор медод ва дар ҳайати Артиши сурх пайравони Ҳитлерро, ки худаш туфон номида буд, маҷбур кард, ба сӯйи Берлин фирор кунанд. Мақсади ба аскару афсари немис тӯфон ном ниҳодани Ҳитлер ин аст, ки тӯфон ҳар куҷое равад, он ҷоро вайрон мекунад…
Дар шаҳри Берлин ҷанги шадиде рух дод, ки бобои Зайнулло дар яке аз деҳаҳои Берлин сахт маҷруҳ шуд. Ҳатто рота маҷбур шуд, ки ақибнишинӣ кунад. Фикр карданд, ки ҷавони серталошу ватандӯст дар қатори дигар сарбозон ҳалок гардидааст. Барои ҳамин ба сӯйи ҷангал рафтанд. Бобои Зайнулло умедашро аз зиндагӣ канд, зеро ҳитлерчиён сарбозони зиндамондаро мекуштанд. Ҷони бобои Зайнуллоро сагҳои санитарии шуравӣ наҷот доданд.
- Вақте ки мо ба шаҳри Берлин омадем, душман шаҳрро бо мина пур карда буд. Ман бо мошинҳои махсус роҳро аз минаҳои душман хобонда тоза мекардам ва дар яке аз деҳаҳои Берлин, ки номи он дар ёдам нест, бо сарбозони душман рӯ ба рӯ шудем. Ҷанги сахт ба амал омад ва аз пойи чапам ҷароҳати вазнин бардоштам. Хеста наметавонистам. Сарбозони мо сӯйи ҷангал рафтанд. Сагҳое буданд, ки дар пушташон ароба буд ва забонашонро дар даҳони ҳар як сарбози фавтидаи шуравӣ меандохтанд. Агар хунук бошад, мурдааст. Гарм бошад, зинда. Саг сӯйи ман омаду забонашро дар даҳонам монд ва дарҳол пай бурд, ки зинда ҳастам. Аз қафаси синаам бардошта ба ароба савор карданӣ шуд, ки немисҳо сӯйи сагон норинҷак партофтанд. Сагҳо гурехтанд, вале фурсате баъд баргашта маро бо ароба сӯйи ҷангал бурданд. Ба назди сарбозони худамон бо як азобу машаққати зиёд расидем. Хӯрока ҳам набуд. Немисҳо хлебҳояшонро гузошта рафта буданд, ки аз ҳамон истеъмол карда ҷон ба саломат бурдем, - нақл кард бобои Зайнулло.
Баъди хотима ёфтани ҷанг бобои Зайнулло ба Тоҷикистон баргашта, оиладор мешавад ва солҳои зиёд дар колхози ба номи К. Маркси шаҳри Қӯрғонтеппа кор мекунад.
Ҳоло аз ғалабаи таърихӣ 80 сол гузашт, аммо лаҳзаҳои хунини ҷанг дар хотири бобои Зайнулло нақш бастааст. Бобои Зайнулло Алиев барои хизматҳои шоёнаш бо ордени "Ҷанги ватанӣ", дараҷаи ду, медалҳои "Барои меҳнати шоён", "40 - солагии Ғалаба", "60-солагии Ғалаба", "Жуков", "50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР" ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудааст.
Айни замон бобои Зайнулло дар ҳалқаи 10 фарзанд, зиёда аз 100 набераву абера давлати пирӣ меронад. Ҷойи иқоматаш маҳаллаи "Ваҳдат"-и шаҳри Бохтар буда, ба ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат арзи сипос мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бохтар ду меҳтари Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яке пулемётчӣ - бобои Сафаралӣ ва дигаре танкист - бобои Зайнулло даврони пирӣ меронанд ва ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор доранд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият",
Қурбоналӣ ҚИЁМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81