ДИЛОВАРОНИ ВАТАН. ЧАНД САТР АЗ КОРНОМАИ ҶАНГИИ ТОҶИКПИСАРОНИ СУҒДӢ

24 апрел 2025, Панҷшанбе
21
Соли ҷорӣ аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол пур мешавад, ки ин санаи муҳими таърихӣ на танҳо хотираи фидокорӣ ва ҷонфидоии халқҳои собиқ шуравиро гиромӣ медорад, балки барои наслҳои имрӯзу оянда дар роҳи ҳифзи Ватан сабақомӯз аст.
Дар таъмини ғалабаи таърихӣ фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзанда гузоштаанд. Тавре медонем, беш аз 300 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, аз онҳо 92 ҳазор нафар дар майдони ҷанг ҳалок ё беному нишон гардида, 60 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шуд.
Бино ба иттилои муовини раиси Шурои собиқадорони вилояти Суғд Шавкат Алиев, айни ҳол дар вилоят ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд, ки ҳар ду аз ноҳияи Деваштич мебошанд. Бибола Рӯзиматов ва Нозим Носиров, яке 101 ва дигаре 100-сола ҳастанд. Дар вилоят шумораи онҳое, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор карданд, 46 нафар аст, ки аз миёни онҳо Луъбат Нурматов аз шаҳри Истаравшан, Хуршедмоҳ Аҳмадалиева, Ёдгор Эгамбердиева, Саломат Раҳимова ва Шарифамоҳ Ҳоҷиева аз ноҳияи Ашт, Ҳаким Турсунов аз шаҳри Исфара, Азимбой Ҷӯраев аз ноҳияи Шаҳристон беш аз 100 солӣ умр доранд.
Бибола Рӯзиматов, сокини деҳаи Гулободи ноҳияи Деваштич, соли 1943 ихтиёрӣ ба фронт рафт. Роҳи ҷангии Биболабобо аз озод кардани замини Украина оғоз гардида, тавассути Аврупо то худи Берлин расидааст. Баъдан бар зидди милитаристони Япония низ ҷангида, ба зодгоҳи хеш соли 1947 баргашт. Баъди ба зодгоҳ баргаштан дар колхоз, дар дастаи бинокорони ПМК-34 фаъолияти кории худро идома додааст.
Имрӯз дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва аҳли пайвандону азизон бо шукргузорӣ аз фазои ободу озод дар зери парчами сулҳу амнияти Ватани азиз зиндагӣ дорад.
Нозим Носиров, иштирокчии дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич мебошад. “Тобистони соли равон 100-солагии бобои диловарамонро ҷашн хоҳем гирифт”, – мегӯянд пайвандони мавсуф.
Нозим Носиров аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёрӣ ба ҷанг рафтааст. Ӯ пулемётчӣ буд ва дар торумор кардани душман саҳми арзанда дошт. Аз фронт соли 1946 ба зодгоҳ баргашта, тамоми умр дар колхози ба номи Жданови деҳа кор кардааст. Дорандаи ордени “Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1” ва якчанд медалҳои ҷашниву ифтихорномаҳо мебошад.
Зимнан гуфтанист, ки аз ноҳияи Деваштич ба ҳифзи Ватан - Модар 4560 нафар сафарбар шуд, ки аз ин миқдор 2460 нафар ҳалок гашта, 2100 нафар ба зодгоҳи хеш баргашт. Ӯрунбек Ёқубов, сокини ин ноҳия, ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардид.
Гузашти сол сафи иштирокчиён ва собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷангро аз миёни мо камтар мекунад. Чуноне Наимҷон Ғаниев, раиси шурои собиқадорони шаҳри Конибодом зикр мекунад, айни ҳол дар шаҳр касе аз иштирокчиён ва собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг дар қайди ҳаёт нест. Солҳои 1941-1945 аз Конибодом 6060 нафар ба ҷанг сафарбар шуда буд, ки 3760 нафари онҳо дар майдони муҳорибаҳо ҳалок гашта, 2300 нафар ба зодгоҳ баргашт.
Қобили зикри хос аст, ки ҳифзи саломатии собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо аз оғози истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайванди таърих бо насли имрӯза буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81