ҲОМИИ СУЛҲИ ҶАҲОН. ДАР БОРАИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ РАСИДАН БА СУЛҲИ САРТОСАРӢ

Тоҷикон дар тули таърих ҳамчун миллати сулҳҷӯву тамаддунофар шинохта шуда, фарзандони барумандаш бо ҷоннисорию талошҳои ҳамешагӣ дар роҳи ҳифзи арзишҳои инсонӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудаанд. Мутаассифона, охири асри XX хурофот ва камсаводии баъзе афрод, ҷоҳилӣ, фитнаю дасиса ва даҳҳо унсурҳои дигар боиси ба гирдоби фоҷиавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтодани миллати дорои таърихи куҳан, сулҳпарвар ва инсондӯст гашт. Ҳалокату осеб дидани ҳазорон нафар, харобшавии инфрасохтори давлатдорӣ, оворашавӣ, гуруснагӣ умеди рӯзҳои некро аз дили сокинон рабуда буд. Миллат дар остонаи парокандагӣ ва давлат дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Ниҳоде вуҷуд надошт, ки бехатарии сарҳади давлатӣ ва ё таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили кишварро ба уҳда гирад.
Соли 1991 аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 5,2 миллион нафарро ташкил медод. Бо оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наздики 1 миллион нафар ба хориҷа гуреза шуданд, ки он қариб ба 20 дарсади аҳолӣ баробар буд, ҳудуди 1 миллион нафари дигар беҷошудагони дохилӣ буданд, ки он низ қариб 20 дарсади дигар аст. Яъне, бо оғози ҷанг беш аз 40 дарсади аҳолии мамлакат гурезаву беҷову пароканда шуда буд.
Дар он ҳангом пиру барно бо шиками гурусна, дилҳои реш ва ашкҳои резон пайдо гаштани роҳи наҷот ва наҷотбахшро интизор буданд. Барои мардуми Тоҷикистон дар чунин шароити ниҳоят душвор шахсияти ватандӯсту ватанпарвар, боматонату қавииродае зарур буд, ки мардумро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ бахшад, сулҳро дар мамлакат барқарор намояд, байни минтақаҳо робитаи дӯстиву ҳамкориро устувор созад, сохти давлатдориро барқарор ва барои пешрафти мамлакат роҳи васеъро боз намояд.
Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои мардуми тоҷик ин наҷотбахшро ҳадия кард. Мардуми тоҷик сарбонии киштии тақдири худро, ки дар гирдоби фитнаву дасиса ва нооромӣ фурӯ рафтан дошт, ба фарзанди баруманди хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар кард. Нафаре, ки аз лаҳзаҳои нахустин ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буданд, ҳастии худро барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон бахшиданд.
Ҷараёни сулҳофаринӣ кори саҳлу осон набуд. Он талошу заҳмати зиёд ва ҷонфидоиро талаб мекард. Дар ҳамин вазъияти буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ фарзанди баруманди миллати тоҷик бо такя аз хиради азалӣ ва устуворию поктинатӣ ҳамчун сипар дар миёни оташи ҷанги хонумонсӯз ворид шуда, барои аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани миллату давлат ба фаъолияти созанда оғоз карданд. Дар он вазъияти ногувор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳ қадами устувор гузоштанд ва дар муддати на чандон тулонӣ он талошҳо самар оварда, мардуми тоҷик аз шаҳди истиқлолу озодӣ баҳраманд гаштанд. Сулҳи Тоҷикистон, бешубҳа, барои аксари кишварҳои озодихоҳи олам ва давлатҳои дар ҳоли низоъ қарордошта мактаби бузурги ваҳдату якдилӣ эътироф гардид ва дар низоми ҳалли масъалаҳои сиёсӣ таҷрибаи бемисл дониста шуд.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷаҳон ҷангу даргириҳои зиёде рух медиҳанд, ки таъсири бади худро ба ҷомеи ҷаҳон мерасонанд. Ҷангҳои байни давлатҳо, низоъҳои дохилӣ, ҷосусӣ, таъсири манфӣ ба истиқлоли давлатӣ, тамомият ва дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ, терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир аз ҷиноятҳое мебошанд, ки ҳамасола 4,5-5 миллион талафоти ҷониро дар байни аҳолии осоишта дар пай дошта, таҳдиди асосӣ ба сулҳ ва зиндагии осоиштаи башарият ба ҳисоб мераванд. Ояндаи инсоният дар шароити афзояндаи ин таҳдидҳои глобалӣ ба ҳифзи сулҳ ва рушди устувори муносибатҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.
Бинобар ин, 23-юми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул карда шавад. Пешгирии низоъҳо, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва тарғиби фарҳанги гуфтугӯ низ аз омилҳои муҳими таъмини сулҳ барои наслҳои оянда мебошанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ҳамкории давлатҳо дар соҳаи дипломатия, ҳалли осоиштаи низоъҳо ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид, нақши бузург мебозад.
Пешниҳоди Пешвои миллат амали саривақтӣ мебошад, зеро, дар ҳақиқат, насли оянда ба сулҳ ниёз дорад, то зиндагии озоду осоишта дошта бошад. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар Созмони Милали Муттаҳид ва қабули қатъномаи махсус маънои онро дорад, ки як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти кунуниро, яъне барқарор намудани сулҳ дар рӯи Заминро ҳал кунад.
Ташаббуси шашуми Пешвои миллат дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро афзун намуд. Ин ташаббус асосҳои худро дорад. Аввал, ин ки Пешвои миллат давоми 33 соли давлатсозӣ бо назардошти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бо сулҳ анҷом додани он ва таъмини ваҳдату суботу амният дар ҷомеа таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ андӯхтаанд. Иқдоми нав давоми мантиқии ҳамаи ташаббусҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлиму экология мебошад.
Ташаббуси навбатӣ бори дигар аз мақому манзалати бузурги Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза ва бетафовут набудан ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, зеро, воқеан, имрӯз вазъи геосиёсии ҷаҳон дар ҳолати хеле хатарнок қарор дорад. Он ба пешгирии ҷангҳои мудҳишу кушторҳои бемаънӣ мусоидат мекунад ва инсониятро аз хатари ҷанги ҷаҳонӣ ва ҳастаӣ эъмин нигоҳ медорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷрибаи баланди сулҳофаринӣ доранд, ин иқдомро барои бисёр кишварҳое, ки дар ҳолати ҷанг қарор доранд, саривақтӣ дониста, хоҳони сулҳу субот дар ҷаҳон мебошанд. Ҳамзамон, меросбарии наслҳои ояндаро ба инобат гирифта, таҷрибаи омӯзандаи гузаштагонро дар масъалаи ҳамзистӣ ва таъмини сулҳу субот муҳим мешуморанд.
Ҳамин тавр, таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда вазифаи ҳаётан муҳим аст, ки на танҳо кафолати амнияти инсониятро таъмин мекунад, балки заминаҳои мусоидро барои рушду шукуфоии онҳо фароҳам меорад. Ба воситаи сулҳи пойдор метавон ба наслҳои оянда муҳити орому осоишта ва шароити зиндагии арзандаву босубот ба мерос гузошт.
Метавон гуфт, ки миллати тоҷик бо сулҳ тавъам ташаккул ёфтааст. Сулҳи тоҷикон сулҳи якрӯза, яксола ё барои як даҳсола нест, балки сулҳест барои имрӯзу фардову фардоҳои дигар. Ҷавҳари сиёсати дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сиёсати сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Ҷаҳониён имрӯз Пешвои миллати моро ба унвони таблиғгари фарҳанги волои сулҳ мешиносанд.
Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз формулаи сулҳи тоҷикон, ки маҳз ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Ин таҷриба мавзуи маърузаҳо ва суханрониҳо дар конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ гардидааст. Консепсияи сулҳофаринии Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир таҷрибаи нодир маҳсуб меёбад ва аз ҷониби бисёре аз роҳбарони воломақоми давлативу сатҳи байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гардидааст.
Самандар ИСКАНДАРЗОДА,
директори “Телевизиони Тоҷикистон”
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 82
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН