НОҲИЯИ МАСТЧОҲ. ҲАР ҚАДАМ ФАЗОИ ҶАШН ДОРАД

25 апрел 2025, Ҷумъа
10
Дар ноҳияи Мастчоҳ фазои ҷашнӣ дар ҳар қадам эҳсос мешавад. Сокинони сарбаланди он имрӯзҳо барои пешвози сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву ободкориро идома дода, мактабу кӯдакистон месозанду ба мавзеъҳои беоб об мебаранд, корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд менамоянд, дар маҷмуъ, ба беҳбуд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
ДАР ДЕҲОТИ ПАЛДОРАК МАКТАБИ НАВ БУНЁД МЕШАВАД
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳия, айни замон корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоот идома доранд. Аз ҷумла, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-ро метавон ном бурд, ки он аз калонтарин муассисаҳои таълимии ноҳия ба шумор рафта, барои 1200 нафар пешбинӣ гардидааст. Аммо бо афзудани аҳолӣ, дар он 1800 толибилм сабақ мегирад. Бинобар ин, соҳибкорони маҳаллӣ азм кардаанд, ки бо бунёди бинои иловагӣ дар назди Муассиса ин мушкилро бартараф намуда, ба хонандагон шароити хуби таҳсилро фароҳам оранд.
Дар маҳаллаи навбунёди деҳоти Палдорак низ, ки мунтазам шумораи аҳолӣ зиёд мешавад, зарурати бунёди мактаби нав ба миён омад. Ҷавонмардони саховатпеша ва соҳибкорони бонанг боз ҳам ташаббус нишон дода, сохтмони мактабро ба уҳда гирифтаанд.
СОҲИБКОРОН КӮДАКИСТОН МЕСОЗАНД
Дар баробари мактабсозӣ, дар ноҳия ба бунёди кӯдакистонҳо низ диққати хос равона гардидааст. Зеро таҳсилоти томактабӣ аз зинаҳои асосии таҳсил ба шумор рафта, дар инкишофи минбаъдаи кӯдак нақши муҳим мебозад. Муассисаи томактабии №5-уми деҳаи Оббурдон аз ҷумлаи иншооти ҷашниест, ки бо маблағгузории аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд шуда истодааст. Инчунин, соҳибкорони маҳаллӣ Абдумаҷид Маликзода ва Раҳимбек Беков иқдом гирифтаанд, ки барои 120 кӯдак боғчаи хусусӣ бунёд намоянд. Мувофиқи лоиҳа, боғча аз ду ошёна иборат буда, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар боғчаи №4-уми ноҳия низ оғоз ёфтаанд, ки 300 кӯдакро ба оғӯш мегирад.
Гузашта аз ин, навсозии бинои асосии Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-уми шаҳраки Бӯстон, ки солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, таъмирталаб гашта буд, бо дастгирии ҶДММ "Истиқлол гурӯҳ" ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷараён дорад. Пас аз таъмир, дар он имкони қабули 120 кӯдак дар чор гурӯҳ фароҳам мегардад.
Соҳибкорон бо чунин амалҳои созанда исбот менамоянд, ки дастгирии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияташон маҳсуб меёбад ва ба ояндаи насли имрӯз бетараф нестанд.
ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ФАРОҲАМ МЕГАРДАНД
Ҳамзамон, ба бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия афзалият дода мешавад. Ҳоло роҳбарияти ҶДММ “Ҷаъфар” корхонаи хишт бунёд карда истодаасту корхонаи парандапарварии ҶДММ “Ҷумъабой Мирзо” низ аз иншооти дигари ҷашнӣ ба шумор меравад, ки тибқи талаботи муосир сохта шуда, ҳам ҷойҳои нави корӣ фароҳам мегарданд ва ҳам дар таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонию гӯшти парҳезӣ мусоидат менамоянд.
Соҳибкор Хӯҷамаҳмад Устоев бошад, бо мавриди истифода қарор додани Маркази савдои «Осиё», ният дорад 20 нафарро бо ҷойи кор таъмин намояд.
М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 82