ХУШУНАТ. ҲАМДИГАРФАҲМӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ХУШБАХТИСТ
Хушунати хонаводагӣ яке аз масъалаҳои ҷиддии иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, барои ҳомиёни ҳуқуқ дар саросари ҷаҳон низ, нигаронкунанда боқӣ мемонад. Бешубҳа, барои ҳалли ин масъала истифодаи роҳҳои муассир ва барномаҳои пешгирикунанда ногузиранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳимияти масъала ба роҳҳои ҳалли он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар ин робита, ташаббусҳои зиёд роҳандозӣ ва баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила, вайроншавии оилаҳо чораҳои доимӣ андешида мешаванд. Чунончи, дар оғози соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ташкил шуда, ба фаъолият шуруъ кард. Ҳадафи Шуро ҳамоҳанг сохтани кори идораҳои давлатӣ дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила аст.
Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонаводаҳо хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба зану фарзанд ва аъзои заифи оила ба мушоҳида мерасад. Аъзои оила вазифадоранд, ки иззату эҳтироми ҳамдигарро нигаҳ дошта, барои тарбияи фарзандон шароитҳои лозимаро муҳайё намоянд.
Муниса Халифаева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар бораи хушунати хонаводагӣ чунин изҳори назар мекунад: «Хушунати хонаводагӣ як зуҳуроти хатарнок ва фоҷиабори иҷтимоӣ аст, ки метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ҷисмонӣ, равонӣ, ҷинсӣ ва иқтисодӣ, зуҳур намояд. Ҳар як навъи он метавонад ба саломатии равонӣ ва ҷисмонии шахсони осебдида, бахусус занон ва кӯдакон, таъсири ҷиддӣ расонад».
Ба таъкиди Муниса Халифаева, хушунати хонаводагӣ омилҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дорад. Ӯ чунин шарҳ медиҳад: «Сатҳи пасти маърифат ва огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, урфу одатҳои куҳна ва муносибатҳои суннатии ба табъиз асосёфта, инчунин, вазъи ногувори иқтисодӣ ва вобастагии молиявии занон аз мардон, метавонанд муҳитеро ба вуҷуд оваранд, ки хушунат дар он реша медавонад ва ҳатто, дар баъзе ҳолатҳо ҳамчун як амали «қабулшуда» пазируфта мешавад».
Ӯ, ҳамчунин, нашъамандӣ, майзадагӣ ва фишорҳои шадиди равониро аз ҷумлаи дигар омилҳое медонад, ки ба авҷи хушунат дар оила мусоидат мекунанд. Муниса таъкид мекунад:
"Барои решакан кардани хушунати хонаводагӣ, на танҳо қонунгузорӣ, балки баланд бардоштани сатҳи маърифат, дастрасӣ ба маълумот, дастгирии равонӣ ва молиявии қурбониён ва ташвиқи муколамаи солим дар байни аъзои хонавода муҳим аст. Бояд ҷомеа ва сохторҳои марбута ба ин масъала бо ҷиддият ва масъулияти иҷтимоӣ бархурд кунанд. Танҳо тавассути ҳамкории ҷомеа, давлат, ВАО ва созмонҳои ҷамъиятӣ метавон ба коҳиши ин зуҳуроти хатарнок ноил гашт".
Ҳуқуқшинос Талабшо Ғуломов роҷеъ ба паҳлуҳои ҳуқуқии ин масъала чунин андеша дорад: "Барои коҳиш додани хушунати хонаводагӣ ва пешгирии он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ зарур аст, дар ин самт таълими шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқҳои худ ва роҳҳои ҳифзи онҳо муҳим мебошанд. Дар иртибот ба ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2064, аз 13.11.2024 № 2105) барои муҳофизат ва нигоҳ доштани оила равона шудааст".
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда мақсадҳои Қонуни мазкур мебошанд.
Барои решакан кардани зӯроварӣ дар оила танҳо чораҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи давлатӣ кифоя нестанд, дар ин роҳ бояд ҷомеа дар сафи аввал қарор гирифта, масъулияти ахлоқӣ, маърифатӣ ва иҷтимоии худро иҷро намояд.
Дар ин самт баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, таблиғи фарҳанги муносибатҳои солим аз ҷониби ҷомеаи фаъол метавонад бо роҳи тарбияи арзишҳои инсонӣ решаҳои хушунатро хушк кунад.
Албатта, дар ин раванд нақши расонаҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида, мисли ҳамсояҳо, омӯзгорон ва фаъолони иҷтимоӣ, муҳим аст; онҳо метавонанд дар пешгирии хушунат нақши калидӣ бозанд.
Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк кунад, ки пешгирии хушунати хонаводагӣ на танҳо вазифаи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти шахсии ҳар як инсон аст. Ҷомеаи солим ва огоҳ метавонад шароити беҳтари зиндагиро барои занону кӯдакон фароҳам оварад. Танҳо бо кӯшиши муштарак ва дастгирии ҳамдигар мо метавонем ба ҷомеаи бидуни хушунат бирасем.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 82
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН