ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

ХАТЛОН.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

20 апрел 2023, Панҷшанбе
67
0

 
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори “Ҷумҳурият” аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар доданд.

Ба маълумоти манбаъ, дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ ва раёсату шуъбаҳои мақомот, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо, сархатибон, намояндагони ВАО ва дигар даъватшудагон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон баромад карда, гуфт, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,9 дарсад таъмин ва ба буҷет 542,4 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 9,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Маблағи бақияпулиҳои андоз ба моҳи апрели соли равон нисбат ба аввали сол 2,8 миллион сомонӣ кам гардида, 165,4 миллион сомониро ташкил дод. Барои пардохти маблағи нафақа аз ҳисоби воридоти маблағҳои худӣ ва маблағҳои ёрии молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 270,3 миллион сомонӣ равона гардид, ки 100 дарсади талаботро ташкил медиҳад. 
Дурнамои солонаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ 5,2 дарсад таъмин шуда, 3225 ҷойи нави корӣ ва барқароршуда таъсис ёфт. Инчунин, 118 ярмаркаи ҷойи кории холӣ гузаронда, 1486 шаҳрванд ҷойи кор пайдо кард. Дар маҷмуъ, 1836 нафар ба шуғл фаро гирифта шуд.  
Иттилоъ доданд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида, ба вилоят 71 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 60,8 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил дод. Ба вилоят аз 29 давлати хориҷӣ сармоя ворид шуд, ки бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия 41,7 дарсад, Чин 33,1 ва Эрон 19,1 дарсад рост меояд. Дар вилоят 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гашта, маблағи азхудшуда 863 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Бонкҳои вилоят 965,7 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Гардиши савдои хориҷӣ ба 96,5 миллион доллари амрикоӣ расида, 36,2 миллион доллар содирот ва 60,2 миллион доллар воридоти молу маҳсулот мебошад.    
Чун солҳои гузашта, аз вилоят бештар калобаи ресандагӣ, неруи барқ, нахи пахта, шираи камол ва семент содирот гардида, ба вилоят, асосан, нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва шакар ворид шуд.  
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ва самаранок истифода бурдани замин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба беш аз 1,1 миллиард сомонӣ расид. Кишоварзони вилоят бо мақсади ба натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардидан, дар майдонӣ 237,9 ҳазор гектар, аз ҷумла ғалладона 123,1 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 76060, сабзавот 16667, полизӣ 6840, картошка 5854 ва зироатҳои хӯроки чорво 6943 гектар кишт гузаронданд. 
Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, мувофиқи маълумоти фаврии сарраёсати кишоварзӣ ба ҳолати якуми апрели соли ҷорӣ 68846 гектар кишти пахта гузаронда шудааст, ки 55,9 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Кишоварзони вилоят ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти бештар дода, дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 177,4 гектар, аз он 166,6 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 161 гектар, бунёд гардид. Иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 6,5 баробар таъмин шуд. Ҳамзамон, дар ин давра 255,7 гектар боғ ва 112,5 гектар токзор барқарор гардид.
Саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта ҳаҷми истеҳсол 231,7 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. 
Давлаталӣ Саид пас аз баромади Сулаймонзода Акрам оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар самти иҷрои саривақтии андоз, фаъолияти дурусти минтақаҳои озод, кишти пахта, картошка ва дигар зироатҳо, шинондани дарахтони ҳамешасабз дар шоҳроҳҳо, фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва, ба ин васила, таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, муҳайё намудани шароит барои омӯзгорон, ҷалби бештари сайёҳон, пешгирии зиёдшавии ҳар гуна бемориҳо, тақсимоти ғайриқонунии замин, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар аёми иду маросим ва, инчунин, оид ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрҳои вилоят, фаъолона иштирок кардани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар мушкилиҳо ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ дод. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.04.2023 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив