ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «100 СОЛИ «ҶУМҲУРИЯТ»»
Дар ин филворд номи чеҳраҳои машҳуру саршиноси мамлакат нуҳуфтаанд, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекарданд ва ё бо он ҳамкорӣ доштанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номҳои шахсиятҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-54-17
БАРОИ АНДЕША
Кормандоне ҳастанд, ки бо вуҷуди даромади на он қадар зиёд, ҳамеша дар фаровонӣ зиндагӣ мекунанд. Боз нафароне ҳастанд, ки бо афтидану хестанҳо, дар ниҳояти кор барои худ зиндагии бофароғат таъмин месозанд...
Баъзе кормандони дигар музди ҳангуфт гиранд ҳам, супориши додашударо иҷро намекунанд. Дар ҳоле ки бархе, ҳатто, бе маош корашонро аз сидқ сомон медиҳанд.
Ин ҷо гап на дар бораи мабғал, балки муносибат ба кор меравад...
Ба ҳамин монанд, баъзе инсонҳо ҳамеша аз зиндагӣ шикоят мекунанд, агар ба онҳо тамоми шароитро муҳайё созед ҳам. Баръакс, боз нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо зиндагии хоксорона ҳамеша хушбахтанд.
Ин ҷо гап дар бораи табиати инсон меравад...
Элдар Аҳадов, адиби рус
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ҶЕКИ ЧАН. САДОҚАТИ ҲУНАРМАНД БА МУҲОФИЗАШ
Вақте ки Ҷеки Чани ҷавон ҳамчун муҳофизи Брюс Ли кор мекард, аз душвории ин касб бахубӣ огаҳӣ дошт. Аз ин рӯ, пас аз солиёни зиёд ҳунарманди шуҳратёр чун ба хидмати муҳофизон эҳтиёҷ пайдо намуд, меҳнату заҳмати ишонро дучанд қадр мекард.
Яке аз муҳофизони муваффақи ӯ Кен Ло мебошад, ки тули 30 сол содиқона барояш хидмат кардааст. Тайи ин солҳо муносибати онҳо на чун корфармову хидматгузор, балки дӯстонаву бародарона буданд.
Мутаассифона, соли 2009 баъди роҳбарии ширкатҳои Ҷеки Чан ба дӯши завҷааш Ҷоан Лин гузаштан, Кен Ло аз кор озод шуд. Ин рафтори ноодилона Ҷеки Чанро ба ғазаб овард, вале аз уҳдаи ислоҳи он набаромад. Танҳо аз Кен Ло узр пурсиду халос. Бо вуҷуди ин, риштаи дӯстии онҳо то ҳанӯз устувор боқӣ мондааст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ҲАР КИРО АЗ БАҲРИ КОРЕ СОХТАНД…
Шуҳрати таърихӣ ва ҳам ҷаҳонии Уинстон Черчилл ба ҳайси яке аз сиёсатмадорони саршинос, бешубҳа, бузург аст. Вале ин шахсият паҳлуҳои дигари рӯзгор ҳам дорад, ки аксарият тавони бовар кардан надоранд. Фарзи мисол, агар гӯем, ки Черчилл нақши Ромеоро бозидаву роҳгум задааст, оё зиёд нафарон бовар мекунанд? Албатта, не. Вале далел аст, ки Уинстон Черчилл дар ҷавонӣ шавқи актёрӣ дошт. То ҳадде, ки боре ҳам дар намоишномаи «Ромео ва Ҷулетта» нақши асосиро бозидааст. Вале дар авҷи намоишнома ӯ нутқашро фаромӯш карда роҳгум мезанад. Пас аз чанд лаҳзаи дар хиҷолат будан, дигар чи кор карданашро надониста, ба Ҷулетта рӯ оварда мегӯяд: «Азизам давоми нутқи ман чӣ буд?». Ин амалкарди актёри ҷавон чунон завқи тамошобинонро ба шӯр меорад, ки аз хандаи баланди толор идома додани намоишнома ғайриимкон мешавад. Барои ҳамин фармудаанд: «Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд…».
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ШИФОИ БЕХАРҶ Ё ФОИДА АЗ РОҲГАРДӢ
Роҳгардии муътадили бонизом хатари сактаи қалб ва бемориҳои раг ё шарёниро паст мекунад.
Таҳқиқоти дар ин самт анҷомдода муайян намуданд, ки аз давидани зиёди хастакунанда роҳгардии оҳиставу пайваста афзалтар аст, зеро танҳо ҳамин навъи роҳгардӣ барои ҳаракати хун фоидаовар буда, холестероли манфӣ ё зарарнокро дар вуҷуди инсон кам карда, ба ҷойи он холестероли фоидаоварро афзоиш медиҳад.
Ҳамчунин, роҳгардии муътадили пайваста хатари афзоиши бемории қандро низ паст мекунад. Ҳормон ё ҳуҷайраҳои хушҳолӣ, ки дар натиҷаи роҳгардӣ тавлид меёбанд, ҳолати руҳии инсонро ба низом медароранд.
Таҳияи Кароматулло АТО
Аз гуфтаҳои Умари Хайём
Барои мард зарур дониш аст, на сарват.
* * *
Барои зан муҳим эътимод аст, на зебоӣ.
* * *
Дар дӯстӣ муҳим хубӣ аст, на гапҳои пуч.
* * *
Ба маҳбубон муҳим фаҳмиш аст, на талабот.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
10 БОНУИ МУВАФФАҚ
АДА ЛАВЛЕЙС
Математики маъруфи англис Ада Лавлейс (1815-1852)-ро дар ҷаҳон, пеш аз ҳама, чун фарзанди шоири шуҳратёри олам Ҷорҷ Байрон мешиносанд.
Бо вуҷуди духтари адиби шинохтаи дунё будан, Ада Лавлейс баҳри комёбу муваффақ шудан, дар соҳаи илм заҳмату машаққати зиёд мекашид. Ҳамин буд, ки ӯ дар ин ҷода ба дастовардҳои камназир мушарраф гардид. Аз ҷумла, ӯро дар ҷаҳон ҳамчун аввалин бонуи барномасоз мешиносанд. Ҳамзамон, Ада Лавлейс бори аввал дар таърихи илм тартиби таҳияи мошини ҳисобкуниро шарҳ додааст, ки баъдан онро математики англис Чарлз Бэббидж ихтироъ намуд.
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
ПАНҶ ГОЛИ ЗУДТАРИН ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛ
Ҷойи панҷум
(3,69 сония)
Соли 1995 дар Чемпионати Австралия зимни бозӣ байни дастаҳои «Аделаида Сити» ва «Сидней Юнайтед» Дэмиан Мори пас аз гузаштани 3,69 сония тӯбро ба дарвозаи рақиб ворид кард, ки ба Китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун зудтарин гол ворид шуд.
Ҷойи чорум
(3,17 сония)
Федерико Чавес дар бозӣ миёни тимҳои «Америка Минейро» ва «Вила Нова» (Чемпионати Бразилия соли 2003) аз байни майдон голи олӣ зад. Дар баробари ин зарбаи пурқувват, дарвозабон нотавон буд. Ин гол то ҳол дар таърихи футболи Бразилия тезтарин гол маҳсуб мешавад.
Ҷойи сеюм (3 сония)
Карлос Алмейда соли 2011 дар бозӣ байни бошгоҳҳои португалии «Oliveira do Hospital» ва «Arganil» ба дарвозаи рақиб аз байни майдон зарба зад, ки бо гол анҷом ёфт.
Ба шарофати кувваи зарба, тӯб дар 3 сония вориди дарвоза гардид.
Ҷойи дуюм
(2,8 сония)
Дар бозӣ байни дастаҳои уругвайии "Рио Негро Кэпитал" ва "Сориано Интериор" (соли 1998) Рикардо Оливера баъд аз 2,8 сонияи оғози бозӣ гол зада, рекорди нав гузошт. Рикардо Оливера ҳамчун муаллифи зеботарин ва зудтарин гол ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардид. Бале, голҳои аз ин ҳам тезтар зада шудаанд, аммо фарқият ин аст, ки Оливейра дар бозии байни дастаҳои касбӣ тӯбро вориди дарвоза намудааст.
Ҷойи якум
(2,68 сония)
Михаил Осинов, ки дар дастаи «МИТОС» (Новочеркасск) бозӣ мекард, соли 2011 ба дарвозаи «Олимпия» (Геленджик) пас аз гузаштани 2,68 сония гол зад.
Нашрияи бонуфузи бритониёии "The Sun" бо тартиб додани рейтинг голи задаи Осинро зудтарин гол номидааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
СПОРТ Ё СПИРТ?
Дар назди равоншинос:
– Духтурҷон, мо ҳама ба шумо ихлос дорем, мисли табиби оилавӣ солҳост, ки аз дасти шумо шифо меёбем, аммо мардаки хона баъд аз тавсияи охири шумо рӯз ба рӯз беҳол шудан дорад.
– Наход? Шояд, варзишро аз меъёр гузарондааст. Охир, ҳеҷ мумкин нест машқҳои одие, ки ман ба ӯ фармудам, беҳолаш кунанд.
– Чӣ хел машқ духтурҷон, аз ҷояш нахеста, се вақт дар як рӯз спирт менӯшаду тавсияи шумо ҳаст мегӯяд.
– Чӣ хел спирт? Ман дар як рӯз се бор спорт, яъне варзиш навиштам, на спирт. Сабил монад ҳусни хатти духтурӣ.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АҶАБ БЕМОРЕ
Дар назди духтур:
–Тамоку мекашед?
– Не, астма дорам.
– Арақ менӯшед?
– Не, фишори хунам муътадил нест.
– Варзиши вазнин чӣ?
– Не, синну сол имкон намедиҳад.
– Гӯшти гӯсфанд зиёд истеъмол мекунед?
– Умуман намехӯрам. Меъда «иҷозат» намедиҳад.
– Сабил монад. Ман ба шумо дигар чиро парҳез фармоям?!
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ГУЛИ ЛОЛА
Чанд маълумоти ҷолиб
1. Таърихи гули лола
Лола ба оилаи савсаниён дохил шуда, ҳудуди 100 то 150 навъ дорад. Маҳали аслии рӯйиши лолаҳои худрӯ Осиёи Марказӣ ҳисобида мешавад. Ин гул дар кишварҳои Афғонистон, Туркия, Эрон, Юнон, Итолиё, Испания, қисмати ғарбии Сурия, соҳили баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ, Миёназамин ва дар шимоли Африқо низ ба сурати худрӯ ёфт мешавад.
Таърихи пиёзакҳои гули лола дар Нидерланд аҷиб аст. Замоне ки талаботи мардум ба пиёзаки гули лола афзуд, нархи он низ дар бозорҳо чанд баробар гарон гардид. Махсусан, дар солҳои 1663-1967 ин марҳала дар таърихи нидерландиҳо бо номҳои tulpomanie, tulpenwoede, tulpengekte, bollengekte, bollenrazemij ёд мешавад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
6 ДАҚИҚА ДАР ЯК МОҲ
Аз тасмими ширкат то қарори суд
Дар Чин занеро барои дар як моҳ шаш маротиба як дақиқа барвақт аз идора баромадан аз кор ронданд. Дар ин бора нашрияи South China Morning Post хабар додааст.
Ин зан Ванг ном дошта, аввали соли равон алайҳи ширкате, ки кор мекард, ба суд шикоят намуд. Вай собиқаи сесола ва ба гуфтаи худаш, обрӯи хуби касбӣ дошт, вале корфармо ногаҳон тасмим гирифт, ки ӯро аз кор барканор созад.
Суд маълум намуд, ки корфармо занро дар бораи қонуншикании содиршуда огоҳ накардааст ва ҳаққи якбора аз кор озод намуданро надорад. Бинобар ин, суд қарори ширкатро ғайриқонунӣ ва беасос дониста, супориш дод, ки корфармо ба Ванг ҷубронпулӣ пардохт намояд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ПУШАЙМОНӢ ВА ҚУДРАТИ ДУО
Пиразане дар тан либоси куҳна ба дукони тиллофурӯш даромада, як ҷуфт гӯшвори қиматбаҳоро пешниҳоди савдогар намуд. Тоҷир, ки аз имону инсоф фарсахҳо дур буд, нархи гӯшворро беинсофона поён карда, онро харид. Дар ҳамин лаҳза хонуми ӯ занг зада, хабар медиҳад, ки кӯдакашон беист мегиряд ва ҷонаш дард дорад. Кӯдакро ба беморхона бурданд. Маълум шуд, ки рӯдаи хурд ба рӯдаи калон часпидааст ва бояд ҷарроҳӣ шавад. Падар хатои кардаашро пеши рӯй оварда, даст ба дуо бардошт: – «Худоё, ин чи кори кардаам буд. Пушаймонам ва пиразанро меёбаму узр мепурсам фарзандамро солим бигардон».
Ғайричашмдошт кӯдак баъди чанде бе ҷарроҳӣ сиҳат шуд.
Мард ҳавлии пиразанро ёфта, дар рӯи ҳавлӣ пирамарди бемореро хобида дид. Фаҳмид, ки пиразан гӯшвори духтарашро барои харидани дору фурӯхтааст. Мард аз пиразан узр хоста, ба ӯ ёрдампулӣ доду гӯшворро ба гӯши духтарча овехт.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
НОДИРТАРИН ГУЛҲОИ ОЛАМ
Ин навбат рубрикаи нави саҳифаи “Шоми шанбе” оид ба чанд намуди гулҳои нодиртарини олам барои хонандагон маълумот медиҳад ва ба ин васила, ҳифзи муҳити зистро барои наслҳои оянда тарғибу ташвиқ менамояд.
КАМЕЛИЯИ СУРХ
Соли 1854 Ҷон Миддлемист, гулпарвари бритониёӣ, маълумотеро дастрас мекунад, ки гӯё дар кишвари Чин ба парваришу нигоҳубини гулҳое, ки назирашон дар олам нест, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин хабар Ҷонро ба Чин мебарад ва ин ҷо овозаҳои шунидаи боғбон тасдиқи худро меёбанд. Давоми саёҳати хеш дар он ҷо Ҷон бисёр гулу рустаниҳои аҷибро дид, вале диққати ӯро гули зебое ба худ ҷалб кард. Ҳамин тавр, ӯ нусхае аз ин гулро бо худ ба ватан бурда, парвариш намуд, вале, мутаассифона, пас аз чанд сол ин гул дар ватани аслиаш – Чин пурра нобуд гардид. Айни ҳол камелияи сурх ба шарофати Ҷон дар ду ҷой: гармхонаи Шоҳигарии Британияи Кабир ва гулбоғе дар Зеландияи Нав нашъунамо ёфта, ба рӯйхати нодиртарин гулҳои саёра шомил шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ЧАРО ПИРЯХҲО КАБУД МЕШАВАНД?
Пиряхҳо метавонанд ранги кабуд дошта бошанд. Ин бо сабаби тарзи шикастани нури Офтоб дар ях аст. Нури кабуд беҳтар аз дигар рангҳо дар ях паҳн мешавад. Нури сафед, ки аз Офтоб меояд, аз рангорангӣ иборат буда, ях, махсусан вақте ки тоза ва зич аст, нурро ба таври ғайрибаробар фурӯ мебарад, рангҳои сурх ва зарду сабз бештар фурӯ бурда мешаванд, дар ҳоле ки ранги кабуд камтар фурӯ бурда шуда, камтар инъикос мешавад. Дар пиряхҳо ях зич ва бо фишори баланд ба вуҷуд омадааст. Вақте ки барф фишурда мешавад ва ба ях табдил меёбад, ҳавои даруни он хориҷ ва сохтори оптикии ях дигар мегардад. Ин ях нурро ба тавре мегузаронад ва инъикос мекунад, ки кабуд менамояд. Ҳамчунин, яхи тоза ва беғубор нурро ба таври самараноктар мегузаронад ва инъикос мекунад. Аз ин сабаб, яхҳои кӯҳӣ ва пиряхҳо дар ҷойҳои покизатар бештар кабуд мешаванд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
ДУТАБЛ
Дутабла ё дутабл асбоби гурӯҳи мембранофонҳо (созҳои зарбӣ) мебошад. Он аз ду қисм иборат аст, ки ба косаи биринҷӣ ё мисӣ монанданд. Болои онҳо бо чарм пӯшонда шудааст ва бо давал (чӯби махсус) навохта мешавад. Дар гузашта он як ҷузъи асбобҳои мусиқии Курдистон буд. Аз ин асбоб бештар дар муборизаҳои мусаллаҳона ва, ё эълони рӯйдод ва ё хабари наве истифода мебурданд.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ДӮСТОНАМ МАРО ФАРОМӮШ КАРДААНД
Соли 1937 дар Англия бозии футбол миёни дастаҳои «Челси» ва «Чарлтон» ба иллати тумани зиёд дар дақиқаи 60-ум мутаваққиф шуд. Аммо Сэм Бартрам, дарвозабони «Чарлтон», бо сабаби садои баланди мухлисон ҳуштаки доварро нашунида, пас аз таваққуфи бозӣ 15 дақиқа назди дарвозааш буд. Ӯ бо дастони кушода ва бо диққати тамом сӯи бозингарон нигоҳ мекард, то аз зарбаи ҳариф ғофилгир нашавад. Вақте 15 дақиқа баъд пулиси варзишгоҳ ба ӯ наздик шуд ва хабари лағви бозиро расонд, Сэм Бартрам бо андуҳи зиёд гуфт: «Чи ғамангез аст, ки дӯстонам маро фаромӯш кардаанд, дар ҳоле ки ман дарвозаи онҳоро ҳимоя менамудам. Дар ин муддат фикр мекардам, ки тими мо дар ҳоли ҳамла асту ҳамин ҳоло садои “гол”-гӯии мухлисон баланд мешавад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ШИРКАТҲОИ МАЪРУФИ ҶАҲОН GOOGLE
Гиганти иттилоот дар асри рақамӣ
Ширкати Google, ки имрӯз дар сартосари ҷаҳон ҳамчун яке аз пешсафони соҳаи технология ва иттилоот шинохта мешавад, соли 1998 аз ҷониби ду донишҷӯи Донишгоҳи Стэнфорд – Ларри Пейҷ ва Сергей Брин таъсис ёфтааст. Саридораи ширкат дар шаҳри Маунтин Вюи иёлати Калифорния (ИМА) ҷойгир буда, айни замон зери сохтори Alphabet Inc. фаъолият мекунад.
Google доираи васеи хизматрасо-ниҳоро, аз қабили Gmail, Google Maps, Google Translate, YouTube, Android, Google Chrom, Google Drive, пешкаш менамояд. Ғайр аз ин, Google дар самтҳои пешрафтаи технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (AI) ва воситаҳои худрав (Waymo), фаъолона ширкат меварзад. Имрӯз Google на танҳо як ширкат, балки рамзи рушди технологияи рақамӣ ва воситаи муҳими ҳаррӯзаи миллионҳо инсон дар олам аст.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 82
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН