САНОАТ. СОҲАЕ, КИ ИҚТИСОД МЕСОЗАД
Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 13 миллиарду 846,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 23,4 дарсад зиёд аст.
Соҳаи саноати коркард дар ҷумҳурӣ, бо дарназардошти омилҳои гуногун, маҳаки иқтисодиёти кишвар буда, дар атрофи он ҳалқаҳои нави истеҳсолӣ ташаккул меёбанд ва ин бахш дар сохтори иқтисодиёт ва саноат муҳимтарин ба шумор меравад. Моҳҳои январ-марти соли равон ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард ба шаш миллиарду 490 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 2,1 дарсад зиёд аст.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёт, дар навбати аввал, аз самаранок истифода гардидани сарватҳои табиӣ ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вобаста мебошад. Дар давраи мавриди назар, дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи беш аз 4,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки 1,8 баробар зиёд аст. Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рӯи намудҳои маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангишт ва бур 30 дарсад, маъданҳои филизӣ 1,7 баробар, канданиҳои фоиданок 1,5 баробар мушоҳида мегардад.
Дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ ба 1332,35 сомонӣ баробар шуд.
Тибқи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат соҳаи саноат яке аз бахшҳои ояндадори кишвар буда, ҳоло ин соҳаи ҳаётан муҳими мамлакат дар марҳалаи рушди устувор аст. Истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои инсониву табиӣ ҳамчун омилҳои таконбахши рушди иқтисоди миллӣ тағйироти куллиро дар соҳаи саноати мамлакат таъмин ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат мусоидат менамояд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН