АҲМАД БЕРДИЕВ. АЗ ФАЙЗОБОД ТО БЕРЛИН

29 апрел 2025, Сешанбе
11
Агарчи Аҳмад Бердиев имрӯз миёни мо нест, аммо ёди ӯ ҳамеша бо мост, зеро ӯ аз ҷумлаи касоне буд, ки барои ҳифзи Ватан ҷонбозиҳо кард ва дар таъмини ғалаба бар фашизм саҳм гузошт.
Аҳмад Бердиев зодаи деҳаи Хурӯсалии Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод мебошад. Марҳум дар оилаи деҳқон ба дунё омада, аз хурдсолӣ дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия ёфтааст.
Ҳини 14-сола будани Аҳмади наврас падараш бемор шуду аз дунё даргузашт. Пас аз ин мусибати сангин бори зиндагӣ бар дӯши Аҳмад афтод. Аз соли 1938 то 1943 вазифаи ҳисобчӣ ва мудири анбори колхозро ба ҷо меоварду баҳри шароити хуби корӣ кӯшиш ба харҷ медод. Ҳамзамон, аз ҳисоби фонди захиравии колхоз ба фронт ғалла, равған ва сарулибос мефиристод.
Моҳи апрели соли 1943 ӯро ба сафи артиши шуравӣ даъват мекунанд. Муддати ду моҳ дар қисми ҳарбии шаҳри Тошкент аз санҷишҳои ҳарбӣ мегузарад. Сипас, ба фронти якуми Украина, ки роҳбарии онро генерал-майор К. С. Конов бар уҳда дошт, сафарбар мешавад.
Аҳмад Бердиев ҳангоми озод кардани Булғористон, Венгрия, Полша ва Берлин аз худ қаҳрамонӣ нишон дода, бо ордену медалҳои Ҷанги Бузурги Ватани дараҷаи III ва Байрақи сурх сарфароз мегардад.
Ин диловари Ватан то интиҳои ҷанг алайҳи фашизм мубориза бурд ва шаҳди ғалабаро низ дар шаҳри Берлин чашид. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо рӯи сурху сари баланд ба зодгоҳаш - ноҳияи Файзобод омад. Аз моҳи октябри соли 1941 то ба синни нафақа расиданаш дар идораи санитарию-эпидемологии ноҳия ба ҳайси сардухтур фаъолият дошт.
Аҳмад Бердиев дар синни 92-солагӣ аз олам чашм пӯшид, вале корномаи ҷангӣ ва баъди ҷангиаш ҳамеша дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.
Ҳоким САФАР, ноҳияи Файзобод
Санаи нашр: 28.04.2025 №: 83