ЗИ ДОНИШ ДИЛИ ПИР БАРНО БУВАД

06 май 2025, Сешанбе
9
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маориф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Бахусус, боло бурдани дониш ва соҳибкасб гаштани аҳолии мамлакат, бавижа наврасону ҷавонон, таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Дар иртибот ба ин, Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд: «Ояндаи миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии ҷавонон вобастагии калон дорад».
Маҳз ба ҳамин хотир, солҳои охир бо ибтикор ва эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам боло рафтани сатҳи маърифату дониш ва азхуднамоии техникаву технологияи аз ҷониби аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гаштанд. Ин озмунҳо на танҳо ташвиқ ва тарғиби арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, балки роҳи мусоиде барои дарёфти чеҳраҳои нави эҷодкор, соҳибмаърифат ва ватандӯст мебошанд.
Бояд таъкид сохт, ки мақсад аз ташкили ин озмунҳо:
– тарғиби китобхонӣ ва рушди зеҳнии насли наврас;
– ошно сохтани ҷавонон бо таъриху фарҳанги миллӣ;
– дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии онҳо;
– баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва аҳли илму адаб мебошад.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо боиси ба роҳ мондани муҳити солими рақобати зеҳнӣ ва эҷодӣ мегардад. Масалан, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» на танҳо муҳити китобдӯстӣ ва маърифатпарвариро эҳё намуд, балки онро ба ҳаракати ҷумҳуриявӣ табдил дод. Ин Озмун дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, аз кӯдакистон то донишгоҳҳо, ба худ таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб намуд. Хонандагон ва донишҷӯён дар раванди омодагӣ ба озмун на танҳо китоб мехонанд, балки фарҳанги таҳлили асар, баррасии мазмун ва инкишофи тафаккури интиқодиро меомӯзанд. Ҳамин тавр, озмунҳо ба як мактаби тарбиявӣ мубаддал гаштаанд.
Дар баробари ин, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар рушду таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки мақсади Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барпо намудани озмунҳо на танҳо ҷалби ҷомеа ба арзишҳои маънавӣ, илмию фарҳангӣ, балки як барномаи устувори тарбиявии миллӣ аст. Ин озмунҳо ҳамчун василаи татбиқи сиёсати фарҳангиву маърифатии давлат, барои рушду таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ нақши муҳим доранд. Ба ин васила, ҷомеа ба сӯи маърифат, донишандӯзӣ ва дар умум, пешрафт раҳнамун мегардад.
Наврӯз КАРИМОВ,
Коллеҷи информатика ва техникаи
компютерии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89