Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон
5-уми май ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, баргузор гашт.
Тавре хабарнигори парлумонии мо иттилоъ медиҳад, дар иҷлосия лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Баррасии 18 масъала дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ
6-уми май ҷаласаи нахустини кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд.
Аъзои кумита лоиҳаи як қатор қонунҳо ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоби машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030-ро мавриди муҳокима қарор дода, ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.
Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Қатар
Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Тоҷикистон Муборак ибни Абдурраҳмон ан-Насрро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мулоқоти Азим Иброҳим бо Муҳаммад Саид Сарвар
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҷумҳурии мо Муҳаммад Саид Сарвар вохӯрд.
Дар Вазорат ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи созишномаҳо ва тавофуқномаҳоеро, ки қаблан дар натиҷаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расида буданд, баррасӣ намуданд.
Ҳамоиш вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим
5-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба таҳияи омори расмӣ дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим доир шуд.
Дар Агентӣ ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки ба вазорату идораҳо ҷиҳати таҳкими ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, баланд бардоштани савияи дониш ва қобилияти зеҳнии кормандон, инчунин, таъсиси инфрасохтори устувори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ маълумоти зарурӣ омода шудааст.
Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон
Дар шаҳри Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони ИДМ баргузор мегардад.
Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ хабар додааст, ки мавзуи асосии Форум «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкории башардӯстона» мебошад. Дар ҳошияи Форум вохӯриҳои роҳбарони академияҳои илмҳои миллӣ, ҷаласаи муштараки раёсати Бунёди мазкур ва Шурои ҳамкории башардӯстона баргузор мешаванд.
Анҷоми 80 дарсади корҳои сохтмонӣ дар НБО «Себзор»
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар ноҳияи Роштқалъа бо рафти сохтмони НБО «Себзор» шинос шуд.
Масъулон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот босуръат идома дошта, тамоми имконоти мавҷуда барои дар муҳлати муқарраршуда, яъне соли равон ба истифода додани Неругоҳ равона гардидаанд.
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ