“САҲМИ ЗАНОН ДАР ҒАЛАБАИ БУЗУРГ”

07 май 2025, Чоршанбе
18
Дар шаҳри Хуҷанд тавассути нашриёти “Ношир” китоби “Саҳми занон дар Ғалабаи бузург” дар таҳияи Шавкат Алиев рӯи чоп омад. Он ба истиқболи 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 омода гардида, нақши бонувонро дар пирӯзӣ бар фашизм инъикос мекунад.
Китоб доир ба саҳми Тоҷикистон, тоҷикистониён, бавижа занони тоҷик дар Ғалабаи бузург, аз ҳаёт ва кору пайкори занони шуҳратманди диёр, барои озодӣ ва Ғалаба бар Германияи фашистӣ дар муҳорибаҳои ҷангӣ, далерию шуҷоат дар ақибгоҳ маълумот медиҳад. Саҳифаҳои китоб аз ранҷҳои шабонарӯзӣ ва фидокории Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, гирандагони медали “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” қисса мекунад.
Хонанда метавонад дар бахшҳои “Бонувони тоҷик – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Қаҳрамонони меҳнат – фидокорони ақибгоҳи солҳои ҷанг”, “Собиқадорони ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дар мавриди зиндагӣ ва фидокории 53 зани тоҷик иттилои ҷолиб пайдо кунад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонуи тоҷик иштирок кард. Аз ин шумора, 350 мерган (снайперчӣ), 1420 автоматчӣ, 435 телегра-фчӣ, 3750 телефончӣ, 4195 тирандоз ва теъдоди зиёди ҳамширагони шафқат буданд. Байни онҳо аз деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент Ойгул Муҳаммадҷонова – лётчики самолёти қиркунанда барои корнамоии ҷангӣ бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Аз шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Юсуфҷонова ҳамчун ҷарроҳи госпитали ҳарбӣ, Ҷаннат Раҳимова дар мақомоти контрразведка, Инъом Қурбонова дар авиадивизия хизмат кардаанд. Саодат Алибоева дар муҳорибаҳои ҷангӣ-ҳавоӣ, Назира Умарова ва Шаҳрӣ Ҳайдарова ҳамчун ҳамширагони шафқат номи хешро дар саҳфаи таърих сабт намудаанд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90