МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА РУШДИ АДАБИЁТИ МИЛЛӢ

07 май 2025, Чоршанбе
16
Бо ибтикори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Мирзо Турсунзода шоири оламшумули сулҳсаро буда, дар пешрафти адабиёти бадеӣ ва пойдории сулҳ дар ҷаҳон саҳми бориз гузоштааст.
Таъкид гардид, ки ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро дар бар мегиранд.
ТАШКИЛИ ГӮШАИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОРЕЯ
3-4-уми май бо иштироки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиё, муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва ширкатҳои Корея дар Маркази фарҳангии Осиёи Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Кванҷу Фестивали фарҳангии оила ва кӯдак доир шуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, намояндагии дипломатии мамлакат дар ин чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт.
Дар он иштирокдорон имкон пайдо намуданд, ки либосҳои миллии тоҷикиро ба бар намуда, бо таърих, фарҳанг ва бозиҳои миллии тоҷикӣ аз наздик шинос шаванд.
НАМОИШИ АСАРҲО БАХШИДА БА «ШОҲНОМА»
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти шоҳасари безаволи шоири адабиёти тоҷику форс «Шоҳнома»-и Абулқосим Фир-давсӣ ва 700-солагии шоири ғазалсарои форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ намоиши асарҳои рассом-миниатюранигор Олим Камолзода ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш 50 миниатюраи гуногуни муаллиф, хусусан силсилаҳо аз саҳифаҳои рангини «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва офаридаҳои мусаввир марбут ба эҷодиёти пурғановати Ҳофизи Шерозӣ, ки дар солҳои мухталиф тасвир шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Намоиш то 25-уми май идома ёфта, дӯстдорони санъату ҳунар имкон доранд, ки бо асарҳои рассом шинос шаванд.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90