ҲАКИМ КАРИМ. ҚАҲРАМОНИ ДУ МАЙДОН
Саргузашти нависандаи неруманду баҳодур Ҳаким Карим аз дигарон бо он фарқ мекунад, ки ҳаёташ саропо аз мубориза ва задухӯрдҳо иборат буд. Агар дар ҷавонӣ бар зидди босмачиҳо ҷангида, дар рӯзномаи «Бедории тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») оид ба аъмоли ношоистаи ин гурӯҳи иртиҷоӣ мақолаҳо чоп карда бошад, баъдтар ба ҷанги зидди фашистон рафт ва барои ҳифзи Ватан ҷон бохт.
Тибқи иттилои сар-чашмаҳо, Ҳаким Карим соли 1925, пас аз хатми омӯзишгоҳи кишоварзии Қӯқанд, фаъолияти кориро аз шуъбаи тарғибу ташвиқи Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе оғоз бахшида, қариб як сол котиби шурои деҳоти Қаратоғ буд. Дар муҳорибаҳои зидди босмачиҳо ҷонбозиҳо намуд.
Бино ба хотираҳои устод Мирзо Турсунзода дар мақолаи “Бахти баланди шоир”-и Раҳим Ҷалил, соли бисту ҳаштум, дар вақти таътили тобистона шоири ҷавон кор кофта, ба Шаҳринав меояд ва ба комиҷроияи район меравад. Ҳаким Карим дар он ҷо муовини раис буд. Ӯ куҷоӣ ва дар куҷо хонда истодани меҳмонро пурсида, ариза мегирад. Ҳамин тариқ, устод Турсунзода ду моҳ ҳамчун котиби масъул бо Ҳаким Карим кор кардааст. Боқӣ Раҳимзода низ муддате бо Ҳаким Карим фаъолият доштааст. Аз ин ҳама пайдост, ки адиб дар баробари нависанда ва донои кори роҳбарӣ будан, инчунин одами бисёр нағз ҳам буд.
Сипас, ӯ дар Донишкадаи кишоварзии Тошкент таҳсил карда, аввали солҳои 30-юм дар Нашриёти давлатии халқҳои СССР (Маскав) ва бахши тарҷумаву таҳрири идораи табъу нашри Душанбе фаъолият бурдааст.
Соли 1934 баъди чопи маҷмуи ҳикояҳо узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мешавад. Ҳаким Карим одами хоксор, ранҷбар ва садоқатманд будааст. Азбаски таҷрибаи низомӣ дошту дар гузаштаи на чандон дур бо босмачиҳо муштбагиребон шуда буд, ӯро барои дифои Ленинград сафарбар карданд.
Аз таърихи ҶБВ маълум аст, ки шадидтарин муҳорибаҳо дар ин шаҳр гузаштааст. Ҷанг торафт авҷ мегирифт, хатари ба муҳосира афтодани Ленинград вуҷуд дошт. Аз ин рӯ, ҷанговарони шуравӣ, ки дар сафашон адиби тоҷик Ҳаким Карим ҳам буд, бо ҳар тори мӯ, бо дандону нохун муборизаро давом медоданд, то душман пирӯз нашавад. Аммо дили ҳассосу муборизи нависандаро соли 1942 дар набарди Старая Руссаи назди Ленинград фашистон аз тапиш боздоштанд.
Ҳаким Карим аз ҷумлаи устодони варзида ва асосгузорони жанрҳои ҳикоя ва новеллаи адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад. Соли 1933 аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш бо номи «Садои рӯзҳо» нашр шудааст. Баъдан китобҳои «Ҳикояҳои майда», «Ҳикояи устоди мисриён», «Оқшуда» ва «Ҳикояҳо»-яш (1940) дастраси хонандагон шуданд. Беҳтарин новеллаи ӯ, ки онро шеъри мансур ҳам мегӯянд, «Марҳабо, баҳор!» ном дорад. Он намунаи олии суханварӣ буда, вирди забони имрӯзиён низ ҳаст. Ҳикояи «Одам дар халта» эҳсоси амиқу маҳорати волои нависандаро дар бобати офаридани қаҳрамони адабӣ муҷалло сохтааст.
Ҳаким Карим яке аз аввалин драматургони тоҷик буда, намоишномаи «Ҷанговарон»-и ӯ дар соли 1934 сазовори мукофоти давлатӣ гардида буд. Соли 1936 намоишномаи «Соли 1916»-ро (ҳамроҳи Зариф Раҷабов) иншо намуд, ки аз таърихи муборизаи озодихоҳии мардуми тоҷик ҳикоят мекунад.
Адиб ба ҷамъоварии эҷоди шифоҳии мардум ҳам машғул буд ва соли 1931 зарбулмасалҳои тоҷикии ҷамъовардаи ӯ дар шакли китоб (дар Маскав, бо хатти порсӣ) нашр гардид. Соли 1940 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» мунтахаби афсонаҳои халқи тоҷик бо таҳрири ӯ ба табъ расид. Чанд асар аз адибони ҷаҳонӣ Л. Толстой, М. Твен, А. Чехов ва М. Горкийро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ёдовар бояд шавем, ки моҳи ноябри соли 2024 дар назди Кохи матбуоти вилояти Суғд нимпайкараи ин нависандаи қаҳрамон қомат афрохт. Ин арҷгузорӣ бори дигар собит мекунад, ки “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!”.
Имрӯз мо нависанда Ҳаким Каримро ҳамчун қаҳрамони се ҷабҳа – мубориза бар зидди босмачиҳо, ҷанг муқобили фашизми гитлерӣ ва рушди адабиёти тоҷик ёд мекунем.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ