ДАРСИ САДОҚАТ. САҲФАЕ АЗ КОРНАМОИҲОИ ҶАНГИИ БАРОДАРОН ҚОДИРОВҲО
Тундбоди ҷанг дар як он ба паҳнои бузургу беқиёси Иттиҳоди Шуравӣ паҳн гашт. Як-як ба хонаҳо даъватнома меомад: даъват ба майдони ҷанг, даъват ба ҳифзи Ватан, ба ҳимояи номусу ор. Модарон бо синаҳои чоку чашмони ашкбор ҷигарбандонро дуои сафар медоданд: «Cоқ раву саломат биё! Худо нигаҳдорат бошаду қадами шуми фашизмро аз хоки мо бирӯбад, Ватанамонро дар амон нигаҳ дорад».
Нони модарон тӯшаи сафар, тоҷикписарон ба набардгоҳҳои бекарон раҳсипор мегаштанд: бехабар аз қисмат, дар дил хумори дигарбора дидани ёрону азизон, умедвор ба пирӯзӣ…
Бародарон Давлат ва Қурбон Қодировҳо низ аз деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент, ҳамчун аскари қаторӣ, ба сафи артиши бузурги Иттиҳоди Шуравӣ пайвастанд. Яке 24 ва дигаре 22-сола буд.
Аввал ба бародари хурдӣ Қурбон Қодиров даъватнома омад. Ӯ 6-уми январи соли 1942 ба қисми низомии N фиристода шуд. Аз моҳи марти ҳамон сол то соли 1944 дар ҳайати полки 497 ҳамчун тирандоз ҷанг мекунад. Дар муҳорибаи Курск, ки аз 5-уми июл то 23-юми августи соли 1943 идома ёфтааст, дар сафи пеш ҷангидааст. 4-уми августи соли 1944 тири дайдуи душман дар китфи ӯ захм бар ҷой гузошт.
– Пас аз тир хӯрдан, дар госпитал бистарӣ мешаванд падарам,– нақлҳои қиблагоҳро ба ёд меорад духтараш Гулсуной. – Замоне ба худ меоянд, болои сарашон як зани русро мебинанд; аз ӯ об мепурсанд ва боз аз ҳуш мераванд. Дигарбора ба ҳуш меоянд, ки, аллакай, дар қатораанд ва ба ақибгоҳ интиқол меёбанд.
Саргузашти бародари калонӣ Давлат низ ба бародари хурдӣ шабоҳат дорад. Ӯ низ пас аз як моҳ – феврали соли 1942 – ба сафи аскарони Иттиҳод пайваст. Дар ҳайати полки 497 ба ҳайси тирандоз ҷангида, дар озод кардани хоки Венгрия аз душман сина сипар кардааст. Билохир, соли 1944 аз тахтапушт тир хӯрда, маҷруҳ мешавад ва ба зодгоҳ бармегардад.
– Ҳамон тирро падарам ба хок бурданд. Ҳарчанд исрор мекардем, ки ҷарроҳӣ карда онро бигирем, вале падар ҳар бор монеъ мешуданд. «Ончунон ҷисму руҳам озор ёфтааст, ки дигар тавони бардошти ҳеҷ теғро надорам, ба таъкид мегуфтанд қиблагоҳ», – нақл мекунанд фарзандон.
Бародарон Қодировҳо мисли ду қатраи як об буданд: ба туфайли ҳамсоягӣ як ҷо менишастанду як ҷо таом мехӯрданд; ба муносибати 20, 30, 40, 50-солагии Ғалаба бар фашизм медалҳои ҷашнӣ ба онҳо мерасиду гул-гул мешукуфтанд; аз он меболиданд, ки дар тоза кардани ин хок, ин мазраи пок аз қадами шуми фашизм саҳми кӯчаки онҳо низ ҳаст; аз он шодӣ мекарданд, ки билохир, Парчами зафар бар фарози Берлин қад афрохт, ки сари болою рӯи сурхи тамоми мардуми Иттиҳод аст. Дар ин баробар, дар чеҳраҳо осори ғаму андуҳ низ ба чашм мехӯрд, ки ба ёди рафиқони дар набарди алайҳи фашистон ҷондода дарун-дарун хун мегиристанд. Вале, аз рӯи таомули мардӣ, онро ба атрофиён зуҳур намекарданд; чун мард ҷангидану шаҳди шаҳодат чашидан қаҳрамонист, он ҳам дар ҳоле ки ин ҷанг ба хотири ҳифзи Ватан бошад.
Қаҳрамонҳои мо зиндагии бошарафона карданд. Қурбон Қодиров пас аз ҷанг дар зодгоҳаш бригадир, зироатшинос, котиби ташкилоти ҳизбӣ, муовини директори хоҷагии давлатии «Марғедар» шуда кор кардааст. Раиси Ҷамоати деҳоти Колхозчиён низ буд. Корнамоии ҷангиаш бо ордени Ҷанги ватании дараҷаи I, медали «Барои ғалаба бар Германия», «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» ва дигар медалҳои ҷашнӣ қадр гаштаанд.
Давлат Қодиров бошад, пас аз ҷанг то охирон дами ҳаёт дар совхози деҳа кор карда, даҳ фарзандро бо нони ҳалол ба камол расонд.
Бояд гуфт, ки дар симои ин ду нафар шамъи ёди ҳамаи ҷанговарони Ватан дар хотири мо – насли давоми онҳо, барои ҳамеша фурӯзон хоҳад монд. Шодонем аз он ки, гузаштагон – бобоёни мо, дар ин музаффариятҳо саҳм доранду ҳифзи хоки сарзамин, пос доштани иззату шони Ватанро ба баҳои ҷон пазируфтаанд. Бале, ҳар саҳифаи рӯзгори онҳо ибратомӯз аст: ба мо дарси садоқат, муҳаббат, иродат меомӯзад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН