«СИТОРАИ ИСМАТ». БЕҲТАРИН ҲАМОСА ОИД БА КОРНАМОИҲО ДАР ҶБВ
Устоди бузурги шеъри порсӣ, достонсарои беҳтарин устод Муъмин Қаноат дар навиштани ашъори баланди худ шахсияти нуктасанҷ ва дақиқкор аст. Дақиқназарӣ ва ҳақиқатнигории устод дар ҳар як асараш ба хубӣ аён буда, далелҳои таърихӣ ва корнамоии шахсиятҳои таърихиро ҳақиқатнигорона ба тасвир мекашад.
Дақиқӣ ва нуктасанҷии устод дар достони «Ситораи Исмат» бори дигар ба хубӣ аён мегардад. Ӯ дар сарсухани достон, ки соли 1990 ба табъ расид, корнамоиҳои ҷангии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Исмат Шарифов ва фоҷиаи аҳли оилаи ин қаҳрамони ҷабҳаро бо маҳорати воло ба риштаи тасвир кашидааст. Устод фоҷиаҳои ба сари аҳли оилаи қаҳрамон омадаро аз мадракҳои таърихӣ доир ба муҳорибаҳои Орёлу Курск, ҷабҳаи дуюми Украина, аз Харков то Уману Днестр, Курландия (яке аз мавзеъҳои Калинингради ҳозира)-ро ба хубӣ омӯхта, ба зодгоҳи мавсуф деҳаи Итарқаи ноҳияи Данғара сафар намуда, бо ёру дӯстон ва шиносҳои бачагию ҳамдеҳагонаш вохӯрда, ин достонро эҷод кардааст.
Тавре дар достон тасвир мегардад, баъди ба сафи артиш даъват шудан, Исмат Шарифов, бо амри тасодуф, дар набарди Курск ва Орёл аз қисми ҳарбии худ ҷудо меафтад, ки бо ин сабаб, ӯро ҳалокшуда мепиндоранд. Аз ин рӯ, 6-уми сентябри соли 1943 ба номи падараш, саҳван, хатти сиёҳ меояд ва ӯ баъди чанде бо ғаму андуҳи зиёд ҷаҳонро падруд мегӯяд. Дар ин баробар, Исмат Шарифов аз моҳи феврал то июни соли 1944 дар ҷабҳаи дуюми Украина, аз Харков то Уману Днестр далерона ҷангида соҳиби унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мегардад. Иттифоқ меафтад, ки баъди убур намудани дарёи Днестр маҷруҳ гашта, дар госпитал бистарӣ мегардад. Ҳамин давра хатти сиёҳи дуюми Исмат ба хонаводааш мерасад.
Баъди гирифтани номаи дуюми сиёҳ модараш холаи Тиллобибӣ ҷаҳонро бо дарду алами зиёде тарк мекунад. Исмат Шарифов бошад, баъди чанде сиҳат шуда ба ҷабҳа баргашт ва шерона ба муқобили душманон ба ҷанг медарояд.
Пас аз ду хатти сиёҳи Исмат ва реҳлат кардани падару модар ва хоҳараш, завҷааш Нигор ба шавҳар мебарояд ва дигар касе номае ба ӯ наменависад, ки боиси ташвишаш мегардад:
Фано гаштам,
Шудам эҳё ба зери сояи болаш,
Муҳаббат арши Инсон аст,
Натвон кард помолаш.
Чаро, ки аз Нигору модарам пайку паёме нест.
Магар дар деҳаи Итарка як марди саломӣ нест.
Аҷаб хоби парешон дидаму хотирпарешонам,
Чи осебе расида бар ҷаҳони ишқу армонам.
Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Исмат Шарифов, баъдан, дар муҳорибаҳои зиёд аз худ диловарии бемислу монанд нишон дод ва худро чун фарзанди арзандаи миллати тоҷик муаррифӣ намуд.
Тибқи мадракҳои мавҷуда ва навиштаҳои шоири мумтоз, аз охири соли 1944 то моҳи марти соли 1945 Исмат дар ҳайати артиши 22-юми ҷабҳаи Прибалтика барои озод намудани шаҳрҳои Рига ва Добеле мардонавор меразмад. Ниҳоят 6-уми марти соли 1945 Исмат Шарифов дар озодсозии деҳаи Биллии Латвия ҷоми шаҳодатро мечашад:
Замини Добеле шудгори тайёр аст,
Чу ҷирми осмон сокиту сайёр аст.
Замин ин лаҳза гӯё ёри айёр аст,
Гаҳе дар дасти мо, гоҳе ба ағёр аст.
* * *
Тани Исмат ба рӯи хок рӯ бар осмон афтод,
Биларзид, ларза дар кавну макон афтод.
Достони «Ситораи Исмат»-и устод Муъмин Қаноат хусусияти тарбиявӣ дошта, дар замири ҳар як хонанда эҳсоси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолиятхоҳиро мепарварад.
Варқаи ЗАЙНИДДИН, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН