ПАНҶАКЕНТ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ҶБВ
Бешак, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) яке аз мудҳиштарин воқеаҳои таърихи инсониятро дар бар мегирад, ки тамоми халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла халқи тоҷик, дар он иштирок намуданд. Агарчи Тоҷикистон аз ҷабҳаҳо дур буд, вале дар роҳи пирӯзӣ саҳми бориз гузошт. Ин саҳм, ки дар майдони набард ва ақибгоҳ ба назар мерасид, далерии фарзандони тоҷикро барои наслҳои оянда боқӣ гузошт. Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонмардони тоҷик дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи Қалъаи Брест сар карда, то фатҳи Берлин иштирок намудаанд.
Ҳамин фидокориҳои мардуми тоҷикро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад”.
Имрӯз осорхонаҳои Тоҷикистон саҳифаҳои таърихи ин ҷангро нигоҳ медоранд ва ба наслҳои оянда мерасонанд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва дигар муассисаҳо ашёи намоишӣ ,аз қабили аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва лавозимоти ҷангӣ, ки аз корнамоии халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент намоиш таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” таҳия гардид, ки дар он аксҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ва иштирокдорони ҶБВ аз шаҳри Панҷакент, маълумотнома дар бораи захмдоршавӣ, пораҳои Қалъаи Брест, либос ва лавозимоти ҷангӣ, ордену медалҳои зиёд нигоҳдорӣ мешаванд, ки далели саҳми бузурги халқи тоҷик дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Муассисаи давлатии
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи
Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН