ИНТЕРНЕТ. МО ВА ОЯНДАИ МО

14 май 2025, Чоршанбе
13
Дар бораи таъсири манфӣ ё зарари телефонҳои мобилӣ зиёд гуфтаву навиштаанд, вале, ба ҳеҷ ваҷҳ, дар ин бора ибрози андеша кардан такрори мавзуъ ва гуфтаҳои пешин нахоҳад буд. Ташвиши моро гирифтории рӯзафзуни худу атрофиёнамон меафзояд. Дигар чун рӯз равшан аст, ки агар ба ҳамин минвол муносибат идома ёфтан гирад, дар ояндаи хеле наздик хатари аз байн рафтани муоширати зиндаи инсонӣ моро таҳдид мекунад. Махсусан, хулосаҳои равоншиносон нигарониҳоро меафзояд. Ба таъкиди онҳо, ҳарчанд технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ паҳлуҳои зиёди ҷомеасозӣ доранд, вале ба тафаккуру тарзи ҳаёти солим таъсири манфӣ расонданашон низ аз эҳтимол дур нест.
Ба андешаи равоншинос Умед Ҳамидов, вобастагии зиёд ба интернет ба ҳолати равонии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Албатта, хуб аст, ки ҷавонон техникаву технологияро мефаҳманд, вале бояд дарк кунанд, ки торафт ба он вобаста шуда истодаанд. Истифодаи зиёд ва доимии телефон бошад, метавонад қобилияти фикрронӣ ва вокуниши сареъро суст кунад. Кори зиёд бо технологияи нав боиси хастагии системаи асаб ва пайдо шудани рефлексҳои нав мегардад.
– Боз як ҳолати равонии дигар дар ҷавонон пайдо шудааст, ки онро бемории номофобия мегӯянд. Ин як ҳолати изтироб аст, ки ҳангоми набудани телефони мобилӣ ё дастнорас будани он ба вуҷуд меояд. Ҷавон, вақте телефони худро намеёбад ё неруи он тамом мешавад, ба воҳима меафтад, – мегӯяд У.Ҳамидов. – Номофобия метавонад аз вобастагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё одати доимо дар тамос будан сарчашма гирад.
Фариддун Кенҷазод, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон” бар ин назар аст, ки таъсири интернет ба ҷавонон дар ду шакл зоҳир мегардад. Ҷиҳати мусбаташ васеъ кардани ҷаҳонбинӣ аст. Интернет имкон медиҳад, ки ҷавонон бо фарҳангҳои мухталиф ошно шаванд, дарсҳо, видеоҳои омӯзишӣ ва курсҳои онлайнро бинанд, ки ба такмили донишашон кумак мерасонад. Онҳо метавонанд мустақилона маълумотро таҳлил намуда, назари инфиродии худро ташаккул диҳанд.
Ҷиҳати манфиаш дур шудан аз воқеият аст. Вобастагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад боиси кам шудани муоширати зинда ва таҷрибаи воқеии иҷтимоӣ гардад. Ҳамчунин, намоишҳои “зиндагии зебо” дар интернет, ки аксаран ба воқеият рост намеоянд, метавонанд ҷаҳонбинии ғайривоқеӣ эҷод кунанд.
Хулоса, интернет метавонад ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ кунад, агар онҳо боақлона аз он истифода баранд, аммо дар сурати истифодаи ғайримақсаднок, хатараш на танҳо ба шахс, балки ба ҷомеа низ мерасад.
Барои тарбияи дурусти наврасону ҷавонон блогерон метавонанд мусоидат намоянд, зеро таъсири онҳо ба идеалҳо ва орзуҳои ҷавонон хеле амиқ ва васеъ шудааст. Блогерҳое, ки дар соҳаҳои илм, санъат, варзиш ё соҳибкорӣ фаъоланд, метавонанд ҷавононро ба худшиносӣ ва кӯшиши расидан ба ҳадафҳояшон ташвиқ намоянд. Онҳо метавонанд дар бораи таҳсил, кор, муваффақият ва зиндагии солим маслиҳатҳо диҳанд.
Интернет ба абзори пурқуввате табдил ёфтааст, ки ҷавонон бояд дар истифодаи он масъулият дошта бошанд. Дар ин роҳ волидон бояд, ки роҳнамояшон гарданд. Таълиму тарбияи дуруст, назорат ва муҳити солими иҷтимоӣ кумак мекунанд, ки ҷавонон ба таври шоиста тарбия ёбанд.
Басона САТТОРЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95