“ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. БАРДОШТ АЗ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаи 29-уми апрел бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Мактаби байналмилалии президентӣ даври ниҳоии даъвати 18-уми Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон дар Тоҷикистон таҳти унвони “Айёми наврасиро сарфи ҳавову ҳавас насозед, думболгири орзуҳои забони чинӣ бошед!” бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмонони олиқадр, аз ҷумла сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, директори Мактаби байналмилалии президентӣ Муҳиббулло Зувайдуллозода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Акобирова, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, раиси Палатаи савдо ва ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон Танг Ҷин, директори Иттиҳодияи чиниҳои бурунмарзӣ дар Тоҷикистон Хан Дончи, директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Чин Рэн Гэнтиен, директорони Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Тоҷикистон М. Имомзода ва аз ҷониби Чин Сун Ҷинг, директори гимназияи хусусии “Кафолат” Шариф Шарифхоҷа, инчунин, зиёда аз 400 нафар омӯзгорону хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ ва зиёда аз даҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атроф иштирок намуданд. Ҳамзамон, намояндагони шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон”, ТВ “Сафина” ва АМИТ “Ховар” барои сабти гузориш ба маҳали баргузории чорабинӣ ташриф оварданд.
Дар оғозии чорабинӣ директори Мактаби байналмилалии президентӣ Муҳиббулло Зувайдуллозода суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории Озмуни “Пули забони чинӣ”-ро дар рушди таълимоти забони чинӣ баланд арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ин Озмун ҳамчун як рӯйдоди муҳими ҷаҳонӣ дар самти забони чинӣ ба пули муҳиме миёни фарҳангҳо, дониш ва дӯстӣ табдил ёфтааст. Дар анҷоми суханронӣ Муҳиббулло Зувайдуллозода ба ҳамаи довталабони Озмун ба даст овардани муваффақият ва натиҷаҳои шоёнро таманно кард.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷи Шумин зимни суханронии худ изҳор дошт, ки таҳти роҳбарии стратегии сарварони олии ду кишвар, муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Чин пайваста дар ҳоли рушд ва суботи солим қарор дорад. Зимнан, қайд гардид, ки шиори “Забони чиниро аз худ намуда, ба Чин сафар намо!” имрӯз ба як орзуи мӯдшуда ва машҳур миёни ҷавонони кишварҳои зиёд табдил ёфтааст. Толибилмон такягоҳ ва сутуни рушди ҳар кишвар ва умеди дӯстии Тоҷикистон ва Чин мебошанд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар
Тоҷикистон Ҷи Шумин дар хотима аз толибилмон даъват ба амал овард, ки “таҳсили хуб намоянд ва ҳамеша ба самти муваффақиятҳо раҳсипор бошанд”, доимо сатҳи забони чинии худро такмил дода, пайвандгарони дӯстии ду кишвар бошанд.
Пас аз рақобат дар даври интихобии қаблӣ, ҳашт нафар довталаб аз ҳашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Озмун роҳ ёфт. Марҳалаи ниҳоии Озмун дар чор давр баргузор гардид. Даври якуми он – "Маъруза бо забони чинӣ ва намоиши истеъдод". Довталабон дар ин давр дар мавзуи мухталиф маъруза намуда, сипас, ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд. Даври дуюм – "Бо ҷуръат ба пеш ҳаракат намудан". Довталабон ба саволҳои марбут ба таърих ва фарҳанги Чин, ки дар шакли интихоби ҷавоб, муайян намудани дуруст ё хато ва пур кардани ҷойҳои холӣ пешниҳод шудааст, посух доданд. Даври сеюми Озмун– "Мушкилӣ дар тангкуча". 4 нафар довталабон дар алоҳидагӣ аз 6 расми ноаён якеро тасодуфӣ интихоб намуда, давоми 1 дақиқа омодагӣ диданд ва тӯли 1 дақиқаи дигар баромад намуданд. Даври чоруми Озмун – "Ҳаракат ба самти ғолибият". Ин даври Озмун ба 3 қисм тақсим карда шуд. Дар ҳар қисмат довталабон саволҳои дорои 5 хол ва ё 10 холро интихоб намуда, ба онҳо посух гардонданд. Дар ҷараёни чор даври Озмун, довталабон бо суханронӣ дар мавзуъҳои мухталиф қиссаҳои ҳамбастагии хеш бо забони чиниро қисса карданд, дар намоиши истеъдод бо шевогӣ фарҳанги чиниро муаррифӣ намуданд, дар бахши “мушкилӣ дар тангкуча” дониши худ дар бораи фарҳанги муосири Чинро нишон доданд ва дар бахши “Ҳаракат ба самти ғолибият” сатҳи забондонӣ ва қобилияти фикрронии фаврии хешро ошкор сохтанд. Пас аз анҷоми озмун, ҳайати ҳакамон ҳунарнамоии довталабонро арзёбӣ намуда, ба онҳо барои беҳтар намудани маҳорати худ маслиҳатҳои муфид доданд.
Пас аз анҷоми рақобат ва арзёбии ниҳоии ҳайати ҳакамон ғолибияти Озмунро хонандаи синфи 10 “В”-и МДТ “Литсеи президентӣ барои кӯдакони болаёқат” Алиҷон Убайдуллоев ба даст овард. Ҷойи дуюмро хонандаи синфи 11-и Гимназияи №1-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил соҳиб гардид. Хонандаи синфи 10-и МТМУ №7-и шаҳри Душанбе Бинёмин Ҳамдамзода ҷойи сеюмро гирифт. Илова бар ин, Темурҷон Абдулҳақов соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин маъруфият”, Шоҳина Баҳромзода соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин суханвар”, Баҳром Истатов соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин кирдор”, Мазҳаб Наҷмиддинзода соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарманд” ва Амирҷон Сангинов соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин истеъдод” гардиданд. Ҳамчунин, навори 15 нафар довталаби даври интихобии Озмун тавассути овоздиҳӣ ҷоизаҳои махсусро соҳиб гардиданд. Мазҳаб Наҷмиддинзода, Симин Сафарова ва Абдулло Бозоров бо ҷоизаи “Беҳтарин маъруфият дар шабакаи интернет” қадр шуданд.
Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон саҳнаи намоиши истеъдодҳо ва амалӣ намуданди орзуҳои айёми наврасӣ аст, ки барои хонандагони забони чинӣ дар сартосари ҷаҳон имконияти нишон додани истеъдод ва малакаҳои худро фароҳам меорад. Озмун на танҳо истеъдоди забоншиносии довталабонро муайян месозад, балки, муҳимтар аз ҳама, тавассути он, шумораи зиёде аз донишомӯзон ба забон ва фарҳанги чинӣ шиносоии бештар пайдо мекунанд. Бо забони чинӣ орзуҳо бол мекушоянд, бо фарҳанг пули ҳамкориҳои дуҷониба бунёд мегардад ва бо забон камарбанди пайвасткунандаи робитаҳои дӯстӣ сохта мешавад.
Донишкадаи Конфутсийи назди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН