БОБОИ ШЕРХОН
Дар корзори ҷанг нахустин корномаи бобои Шерхон дар муҳорибаи хунини соҳили рости рӯди Днепр ҳангоми аз дарё гузаштан буд. Ду танки бадҳайбати фашистӣ аз тирҳои бехатои тӯпи Гаубетси 152 мм - и вай таркиданд. 25-уми октябри соли 1943 барои ин корнамоӣ Сарфармондеҳи Олӣ, маршали Иттифоқи Советӣ И. В. Сталин Шерхон Достиевро бо Раҳматнома сарфароз гардонд.
Дар майдони набард ҳангоми аз дарёи Дунай гузашта пойтахти давлати Венгрия – шаҳри Будапештро аз фашистон озод кардани полки 687-уми артиллерӣ барои рахна кардани истеҳкомҳои пурзӯри душман моҳи ноябри соли 1944 ӯро ба узвияти Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ қабул намуданд.
Хизматҳои Ш.Достиев 6-уми феврали соли 1944 барои рахна кардани хатти мудофиаи немисҳо дар қисмати шимолушарқии шаҳри Кривой Рог, 22-юми феврали соли 1944 барои озод намудани шаҳри Кривой Рог, 9-уми марти соли 1944 барои гузаштан аз дарёи Нигулетс ва рахна кардани хатти пурзӯри немисҳо дар соҳили ғарбии дарё, 24-уми марти соли 1944 барои иштирок дар муҳорибаи қаҳрамонона дар хатти кӯли Балатон, 25-уми октябри соли 1944 барои иштирок дар ҷангҳо, барои гузаштан аз дарёи Днепр ва озод намудани шаҳрҳои Днепропетровск ва Днепродзержинск бо раҳматномаҳои Сарфармондеҳи Олӣ И.В. Сталин қадр гардид.
Барои корнамоиҳо Шерхон Достиев бо медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ» аз 12-уми сентябри соли 1945, «Барои озод кардани Белград» аз 29-уми январи соли 1948 «Барои Ғалаба аз болои Германия» ва медалҳои ҷашнии «20 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945», «30 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945», «40-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945», «50 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» , «60 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» аз 15-уми апрели соли 1995, нишони «25-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва «Барои шуҷоат ва мардонагӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», инчунин, бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардид.
Ҳамчунин, хидматҳои пурарзиши бобои Шерхон бо медали «Шарафи меҳнатӣ» аз 8-уми апрели соли 1971, ордени Ситораи сурх аз 12-уми марти соли 1981, медали «Ветерани меҳнат» аз 12-уми октябри соли 1982 мукофотонида шуд.
Бобои Шерхон на танҳо барои ҳимояи Ватан ҷоннисорӣ карда, балки барои ободию сарзабзии диёру фаровонии дастархони мардум бо ёрии хоҷагии «Пахтакор» ба кӯҳдомани мавзеи Қаробурёи ноҳия об бароварда, боғи ҷаннатосое бунёд карда буд. Анору ангури шаҳдбор коми ҳазорон одамонро ширин мекард. Боғи сарсабз ба ҳусни зебои ин макон ҳусн зам намуда, шуҳрати ӯро дар вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ афзуда буд. Он боғи сарсабзу хуррамро боғи «Бобои Шерхон» ном мебурданд.
«Аз некон боғ…» – гуфтаанд. Ҳоло дар ҳудуди собиқ хоҷагии «Пахтакор» (қаблан ноҳияи Ҷилликӯл ва ҳоло Дӯстӣ) яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ «Бобои Шерхон» унвон дорад.
Мирзомурод АБДУЛЛОЕВ
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН