Мулоқоти муовини Сарвазир бо вазири девони амирии Давлати Кувайт
14-уми май дар шаҳри Ал-Кувайт муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода бо вазири девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Муборак ас-Сабоҳ вохӯрд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика, ибрози андеша намуда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷаласаи комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ, дохилӣ, аз ҷумла сари вақт ҷудо намудани қитъаи замин, таъмини инфрасохтори зарурӣ дар мавзеъҳои нави истиқомати муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ, инчунин, сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар ва таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Форуми зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои ИДМ
14-уми май дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои ИДМ ба кори худ оғоз намуд.
Форум ба ҳайати фарҳангӣ ва илмӣ-маърифатии кишварҳои Иттиҳод барои иртиботи мустақими касбӣ, муҳокима ва дастгирии лоиҳаҳои дахлдор дар бахшҳои маориф, илм, адабиёт, санъати тасвирӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкории байнифарҳангӣ имкон фароҳам меорад.
Машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Корея
13-уми май дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Корея баргузор гардиданд.
Тавре ба хабарнигори мо дар Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ доданд, зимни машваратҳои навбатӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ, тақвияти тамосҳои байниидоравӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистону Корея изҳори омодагӣ намуданд.
Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо мудири Маркази «TRENDS»-и Амороти Муттаҳидаи Араб
13-уми май дар шаҳри Абу-Забӣ мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо мудири иҷроияи Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-и Аморот доктор Муҳаммад Абдулло ал-Алӣ доир гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили тавсеаи ҳамкорӣ байни марказҳо ва институтҳои таҳқиқотии Тоҷикистон ва «TRENDS»-ро бо назардошти имконият ва зарфияти фаровони ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавии иқлим
Дирӯз дар шаҳри Ашқобод бо иштироки намояндагони панҷ давлати минтақаи Осиёи Марказӣ ва коршиносони байналмилалӣ конфронси минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим оғоз гардид.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ додааст, ки он ба мавзуи «Ба даст овардани ҳадафи глобалии маблағгузории иқлим тавассути татбиқи тадбирҳои минтақавӣ ва миллӣ дар Осиёи Марказӣ» бахшида шудааст.
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН