ОФТОБАМ БИКУНАД НӮШ БО ЯК НИМИ НИГОҲ. БОЗТОБИ ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД ҲАБИБУЛЛО ФАЙЗУЛЛО
Шоири шаҳиру шӯридадил Ҳабибулло Файзулло баъд аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, шаҳраки Ховалинг (аз 05.11.2024 ш. Мунк) бо тавсия ва маслиҳати адиби маъруф Сотим Улуғзода соли 1961 ба факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, онро соли 1966 бомуваффақият хатм кард.
Ҳабибулло Файзулло дар 21-солагӣ, баъди чопи нахустмаҷмуаи ашъораш «Қатраи борон», бо сарсухани Сотим Улуғзода ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Маҷмуаи шоири ширинкалом аз ҷониби хонандагон ва ҳаводорони каломи бадеъ хуш қабул гардида, аз ояндаи дурахшони ин шоири ҷавону умедбахш дарак медод.
Мавсуф муддате дар идораи нашрияи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ ҳамчун мудири шуъба ва муовини муҳаррир фаъолият кард. Сипас, ба рӯзномаи бонуфузи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”) ба кор даъват шуда, муддати зиёде дар ин даргоҳ пайи эҷод буд.
Сипас, бо хоҳиши худ ба рӯзномаи «Вечерний Душанбе» ба кор гузашт, ҳамзамон, корманди масъули Шурои тарғибу ташвиқи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ буд.
Шеърҳояш аз даврони донишҷӯйӣ, аз ибтидои солҳои 60-ум мунтазам дар матбуоти даврӣ чоп шуда, таваҷҷуҳи хонандагон ва устодонро ба худ ҷалб карда буданд.
Мунаққиди маъруфи кишвар Атохон Сайфуллоев перомуни ҳусну қубҳи маҷмуаи шоир «Қатраи борон» чунин нигоштааст: «Шеъри хуб ҳам бозёфт аст, онро мехонӣ ва аз он лаззат мебарӣ, дар бораи он фикр мекунӣ, олами ботиниро ғанитару зеботар мегардонӣ. Ба ин маънӣ, осори шоир як олами зебост, ки онро ба мо ато мекунад. Мо дар он ҳақиқати замони худро мебинем. Танҳо бо тасвири қонуни ҳақиқӣ нахуст зебоии зебоӣ пайдо намешавад. Ашъори шоири ҷавону умедбахш Ҳабибулло Файзулло бемуҳобот гувоҳ бар ин гуфтаҳост...».
Маҷмуаи дуюми ашъори шоир баъди панҷ соли нашри маҷмуаи нахустинаш, соли 1971 бо номи «Дунёи ҷавонӣ» ба табъ расид. Маҷмуаи ашъор аз ҷиҳати муҳтаво, забон ва услуби баён мукаммалтар, инчунин аз ҳисоби иқдомҳои навоваронаи шоир басо ҷолибу самимӣ ва хонданбобтар буданд, ки ин посухи шоиста ба нигарониҳо ва баҳои баланду сазовори устодони суханшинос буд.
Ҳини ҳаёт маҷмуаҳои ашъору манзумаҳояш, аз қабили «Афсонаи дарё» (1974) чоп шуданд. «Достони роҳ» (1977). Пас аз даргузашти шоир китобҳои зеринаш: «Дидори орзуҳо» (1979), «Чилчанор» ва «Зи нав зинда шавем…» (1980)-ро пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардонданд: «Обшори офтоб» (1981), «Куллиёт» (1995), «Лутфи боронӣ» (2005), «Паём» (2005), «Ёдгори дил» (2006), «Гулчини ашъор» (2011), «Куллиёт» (2011).
Маҷмуаҳои «Яблонка» (1972) ва «Боль» (1990) бо забони русӣ дастраси хонандагон гардидаанд.
Ҳабибулло Файзулло, ҳамзамон аз эҷодиёти шоирони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ асарҳои зиёди мондагореро ба тоҷикӣ баргардонда, хазинаи тиллоии тарҷумаи бадеиро дар адабиёти муосири тоҷик ғанитар гардондааст. Аксари тарҷумаҳояш соли 1987 дар китоби баёзи «Армуғон» фароҳам омадаанд.
Дар ин росто Ҳабибулло Файзулло драмаи нависандаи барҷастаи рус Антон Чехов «Се хоҳар»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Шоёни зикр аст, ки шоири шаҳир ва дӯстдори халқу Ватан, Ҳабибулло Файзулло агар дар қайди ҳаёт мебуд, соли равон 80-сола мешуд. Идомаи умри шоир осори мондагор ва фарзандони некномаш мебошанд, ки ҳамеша хотири падари бузургворашонро гиромӣ ва шамъи афрӯхтаи ӯро равшан нигоҳ медоранд...
Ту мапиндор, ки ман қатраи
боронаму бас,
Ки ба як чашм задан ояму
афтам сари роҳ.
Луқмаи хок шавам ё ки чу
шабнам дами субҳ
Офтобам бикунад нӯш бо
як ними нигоҳ.
Мирзоамин МИРСАИДЗОДА,
Мухбирҷон КӮҲСОРӢ
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН