ОСОРХОНА МАХЗАНИ МАЪРИФАТ АСТ. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО ИБРОҲИМЗОДА ЗАФАРШО
Коршиносон осорхонаро ҳамчун махзани илму маърифат ва ниҳоди ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ҳар миллат арзёбӣ менамоянд, ки албатта, бе сабаб нест, зеро маҳз чунин муассисаҳо дар баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба осори гаронбаҳо ва мондагори ниёгон нақши бориз мегузоранд.
Дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18-уми май таҷлил мегардад, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро чунин баён дошт:
– Ҷаҳони имрӯзаро бе мавҷудияти осорхона тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро ин даргоҳи фарҳангӣ ойинаи таърихи ҳар як халқу кишвар мебошад. Боиси тазаккур аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар гашт, то ба таъсиси осорхонаҳо, ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон, таваҷҷуҳи бештар аз пештар дошта бошем.
Бунёди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таъриху кишваршиносии “Авасто”-и вилояти Хатлон, муассисаҳои давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара», «Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук», «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб», Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихи вилояти Суғд гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Дар ин ҷода Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, ки моҳи июли соли 2011 бо ибтикор ва эҳтимоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, низ саҳми арзандаи худро мегузорад. Қобили зикр аст, ки Осорхонаи миллӣ дар кишвар аввалин муассисаест, ки маҳз ба сифати осорхона бунёд ёфта, дорои тамоми хусусиятҳои ҳирфавии он мебошад. Осорхона аз зербино ва се ошёна иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар муассиса 22 толори экспозитсионӣ (12 толори калон, 8 толори хурд ва 2 толори мудаввар) вуҷуд дорад. Ҳамзамон, дар зербино маҷлисгоҳ бо 274 ҷои нишаст, панҷ ҳуҷраи калони фондӣ (хазинагоҳ) ва ду мағозаи армуғонҳо ҷойгиранд. Бояд таъкид сохт, ки баҳри ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои миллӣ дар зербинои осорхона 12 ҳуҷраи реставратсионӣ мавҷуд аст.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ дар толорҳои намоишии худ оид ба тамоми соҳаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик маълумот медиҳад.
Хусусияти вижаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон он аст, ки ёдгориҳои толорҳои намоишӣ ба ягон давраи муайяни таърихӣ ё соҳавӣ маҳдуд намешаванд. Яъне, тамошобинон метавонанд бо олами ҳайвоноту наботот, сангҳои қиматбаҳо, ёдгориҳои таърихӣ (аз асри санг то имрӯз), таърихи Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ва дастовардҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии имрӯзаи ҷумҳурии соҳибистиқлол, санъати тасвирӣ ва жанрҳои мухталифи он шинос гарданд. Ба ин мақсад, дар Осорхона чор шуъбаи экспозитсионӣ: табиат; таърихи бостон ва асрҳои миёна; шуъбаи таърихи нав ва навтарин; санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият дорад.
МД «Осорхонаи миллӣ» тибқи рисолати касбии худ ҳамарӯза ба ҷамъоварии осори таърихӣ машғул аст, зеро ҳар як мавод сарчашмаи муътамади илмӣ буда, оид ба паҳлуҳои рангини ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-сиёсии халқи тоҷик ва ниёгони онҳо маълумот медиҳад. Дар Осорхонаи миллӣ ашёҳои қимати таърихӣ-фарҳангидошта тавассути корбарии Комиссияи харид, қабули туҳфаҳо аз шаҳрвандони ватандӯст ва ҳафриётҳои бостоншиносӣ ғанӣ мегарданд.
Ташкили намоишҳои дохилӣ ва байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Муассиса мебошад, ки ҳадафи асосии он ба тамошобинони ватанию хориҷӣ муаррифии осори маҳфузбудаи фонди тиллоӣ ба ҳисоб меравад. Тавассути баргузории намоишҳои гуногун дар осорхонаҳои Фаронса, ИМА, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Россия ва дигар кишварҳо аз фонди Осорхонаи миллӣ мероси гаронбаҳои ниёгонамон муаррифӣ гаштаанд. Аз ҷумла, моҳи июни соли гузашта ба ифтихори бузургдошти Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО (шаҳри Париж) намоиш таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» баргузор шуд, ки дар он мероси хаттии осори мутафаккири бузурги тоҷик пешниҳоди тамошобинони Аврупо гардид. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо осорхонаи Британияи Кабир аз 26-уми сентябри соли 2024 то 23-юми феврали соли равон дар Осорхонаи Шоҳигарӣ аз фонди МД «Осорхонаи миллӣ» экспонатҳои марбут ба фарҳанги буддоии асрҳои VII-VIII, ки аз ёдгориҳои Аҷинатеппа, Кофарниҳон, Вахш бозёфт гардидаанд, манзури тамошобинон шуданд.
Қобили зикр аст, ки Муассиса вобаста ба фаъолияти экспозитсионии худ дар самти тарғибу ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, бо ибтикори Осорхонаи миллӣ шуруъ аз соли 2017 дар Осорхона ва осорхонаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон силсилаи намоишҳоро бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ба роҳ монда, инчунин, мунтазам экскурсияҳои мавзуии «Тоҷикистон – кишвари обҳои мусаффо»-ро баргузор менамояд. Дар баробари ин, гӯшаи доимии мусаввараҳои наврасон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо номи «Фалсафаи об» дар экспозитсияи Осорхона фаъол аст. Ҳамзамон, соли 2023 дар экспозитсияи доимоамалкунанда толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ифтитоҳ гардид, ки барои тамошобинони ватанию хориҷӣ сарчашмаи боэътимоди донишу маърифат дар соҳаи об ва пиряхҳои кишвар мебошад.
Ахиран, ҳаминро бояд таъкид намуд, ки Осорхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-фарҳангӣ таҳти роҳнамоиҳо ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ тамоми саъю кӯшиши хешро ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, зебоипарастӣ, муаррифии таъриху фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик ба ҷаҳониён, гиромидошти арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги бостонӣ ва тарбияи маънавии тамошобинон равона хоҳад кард.
Суҳбаторо Шафоатулло АБДУЛЛО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН