«БЕҲТАРИН АРМУҒОН». ГУЗОРИШ АЗ ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

15 май 2025, Панҷшанбе
33
Дар боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода, намояндагони дигар вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ Дилрабо Мансурӣ, иброз намуд: “Аз нав зинда кардан ва рушд додани анъанаю суннатҳои волою наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя намудан ба ҳунарҳои аҷдодӣ далели худшиносӣ ва симои хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи ҳунармандӣ сол то сол рушду нумӯ ёфта, барои эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои миллӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади мустаҳкам кардани заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ якчанд санади дахлдор қабул гардида, мавриди амал қарор дода шудаанд».
Фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, иттифоқҳои ҳунармандон, дизайнерон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир карда шуд.
Фестивал-озмун байни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ду давр аз рӯи 5 номинатсия: «Армуғони этнографӣ», «Армуғони сайёҳӣ», «Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ», «Армуғон - бозича» ва «Армуғони минтақавӣ» гузаронда шуда, ба даври ниҳоӣ зиёда аз 100 ғолиби даврҳои якум ва дуюм намунаи беҳтарини ҳунарҳои дастии худро пешниҳод намуданд.
Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо маҳсулоти ҳунармандии ба Озмун пешниҳодшударо баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян ва бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд. Аз ҷумла, Дастёр Асадбеков (ноҳияи Шуғнон) дар номинатсияи “Армуғони этнографӣ”, Фозилҷон Носиров (шаҳри Турсунзода) дар номинатсияи “Армуғони сайёҳӣ”, Раҷабмо Ғафурова (ноҳияи Шоҳмансур) дар номинатсияи «Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ», Собира Ҷалилова (ноҳияи Фархор) дар номинатсияи «Армуғон - бозича» ва Азизҷон Аюбов (шаҳри Истаравшан) дар номинатсияи «Армуғони минтақавӣ» сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДИЗАЙНЕР ВА БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН»
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) 19-20-уми майи соли равон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Дизайнер ва барномасози беҳтарин» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир мегардад. Дар ин бора ба мо аз Донишгоҳ иттилоъ доданд.
Мақсад аз баргузории Озмун ташаккули малакаҳои эҷодӣ, бедор намудани шавқу завқи донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти илми информатика, барномасозии компютерӣ, дизайнери компютерӣ ва сомонасозӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирии донишҷӯёни болаёқат мебошад.
Озмун дар номинатсияҳои зерин баргузор мегардад:
- барномасозӣ бо истифодаи забонҳои муосири он;
- рақамикунонӣ ва иқтисоди рақамӣ;
- дизайнер ва сомонасозӣ бо татбиқи технологияҳои муосир;
- ихтироот ва навоварӣ (бо нишон додани лоиҳаи таъминоти барномавии компютерӣ).
Дар Озмун донишҷӯёне, ки дар риштаҳои информатика, барномасозӣ, рақамикунониву технологияҳои рақамӣ ва иқтисодиёт таҳсил менамоянд, метавонанд ширкат варзанд.
Ғолибон бо диплому мукофотпулӣ сарфароз мешаванд.
М. ОДИНАЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96