КВОТА. БАХТНОМАИ ДУХТАРИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

22 май 2025, Панҷшанбе
4
Табиист, ки ҳар яки мо бо фаро расидани Рӯзи ҷавонон айёми ҷавонии худро ба хотир меорем. Дунёи ҷавонӣ аҷаб аст, дар он зебоӣ асту тароват, ханда асту бозӣ, ишқ асту муҳаббат, оламест пур аз фасона, давронест тиллоӣ. Гарчанде замони хурдсолии ман ба давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омадаву орзуҳои кӯдакиам қурбони нохалафони давр гашта бошад ҳам, хушбахтона даврони ҷавониам дар фазои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони азиз рост омад.
КВОТА ВА Ё АХТАРИ ИҚБОЛИ ДУХТАРОНИ КӮҲИСТОН
Айёми ҷавонии мо квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ахтари иқбол барои духтарони кӯҳистон дастрас гардид. Ман низ дар сафи ҳазорон духтари рустоӣ тариқи Квотаи президентӣ сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардидам. Борҳо шоҳиди нақли қиссаҳои пурҳасрати духтароне шудам, ки орзуи соҳибкасб шудан доштанду маҳдудиятҳои ногувори замона имкон надодааст то ба муроди дил бирасанд.
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТ ХОТИРМОН БУД
23-юми майи соли 2013 баробари садҳо ҷавони кишвар дар вохӯрии навбатии Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони болаёқат иштирок намудам. Мувофиқи барномаи тасдиқшуда бояд суханронӣ мекардам. Вале, дар рафти вохӯрӣ Роҳбари кишвар бо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ ба аҳли толор муроҷиат намуданд: “Фарзандонам, шумо худро хаста накунед, ман худам назди шумо меоям ва ҳарфи шуморо гӯш мекунам”.
Роҳбари давлат пас аз шунидани хоҳишу дархости чанде аз ҷавонон барои гӯш кардани сухани ман мутаваҷҷеҳ гаштанд. Як эҳсоси аҷиб маро фаро гирифт. Охир, назди Роҳбари давлат ҳарф задан кори осон нест. Пас аз гӯш кардани ман дастамро фишурда, “духтарам, хушбахт бошӣ” гуфтанд. Ман ҳам аз имкони доштаам истифода карда, гуфтам: “Хеле хушбахтам, ки бо Шумо аз наздик вохӯрдам”. Ин хотираи гуворо ҳаргиз маро тарк накардааст ва боиси ифтихору хурсандиам аст.
ДУОЕ, КИ АМАЛӢ ГАРДИД
Беҳуда намегӯянд, “дарахт бо обу инсон бо дуо месабзад”. Дуои хайру падарвори Сарвари давлат тақдири маро ба рӯзномае пайваст, ки модари матбуоти тоҷик эътироф шудаву умри 100-сола дорад ва сарпарастиашро Президенти кишвар бар уҳда доранд. Дарвоқеъ, ифтихор аст, дар ҷойе кор бикунӣ, ки қадамгоҳи бузургони илму адаб, ба мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзодаву Мирсаид Миршакар аст.
Пас аз гузашти солҳо дарк кардам, ки ин даргоҳ бароям хеле азиз гаштааст, зеро хотироти хуби ҷавониам дар ин ҷо иттифоқ афтод. Аз дуои Роҳбари давлат, ки мустаҷоб гардидааст, хеле хушбахтам.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.05.2025 №: 102