ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 

25 апрел 2023, Сешанбе
20
0

 

ТАҶДИДИ ҚИТЪАИ ҚИЗИЛҚАЛЪА – БОХТАР, РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ДУШАНБЕ – БОХТАР
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа – Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.
Шоҳроҳи  мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Анҷоми тадбирҳои роҳсозӣ дар марҳилаи якум ва дуюм хеле хуб ба мушоҳида расида, сокинони вилояти Хатлон ва дигар меҳмонони тавассути ин роҳ сафаркунанда аз он истифода ва баҳрабардорӣ карда истодаанд.
Акнун дар марҳилаи навбатӣ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа - Бохтар, роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар” бо дарназардошти васеъкунии роҳ дар чор хатти ҳаракат дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор мегирад. Дар сохтмони роҳи мазкур фармоишгари татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “СИ ТИ АЙ” ва пудратчӣ ширкати “ДАЙ НИППОН”-и кишвари Ҷопон корҳои босифати сохтмониро ба анҷом мерасонанд.
Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур бештар аз 22 моҳро ташкил медиҳад. Сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени ҷопонӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои  хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардондани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҷараёни амалишавии лоиҳаи бунёди роҳ садҳо нафар сокинони вилояти  Хатлон бо шуғл фаро гирифта шуда, бо маоши баланд ҳавасманд мегарданд. Дар таҷдиду бунёди роҳи мазкур  19 мутахассиси хориҷӣ ва 379 мутахассиси маҳаллӣ фаъолияти пурсамар карда истодаанд, ки ин 95 фоизи шумораи умумии кормандонро ташкил медиҳад.
Барои сифатнок ва дар муҳлати муайян ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ 83 техника ва механизмҳои пуриқтидори сохтмонӣ ҷалб шудааст, ки аз ин шумора 32-тоаш мошинҳои калони борбардор, 6 экскаватор ва дигар техникаҳои роҳсозӣ мебошанд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, айни замон корҳои сохтмони роҳ хуб ҷараён дошта, аз рӯи маълумоти мутахассисон 172 ҳазору 375 метри мураббаъ қабати поёнии якуми роҳ, 111 ҳазор метри мураббаъ қабати поёнии дуюм ба анҷом расонда, 87 ҳазор метри мураббаъ  қисмати болоӣ асфалт ва 83 ҳазор метри мураббаъ қабати дуюм низ асфалтпӯш шудааст.
Аз рӯи таъкиди Пешвои муаззами миллат корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бояд бо сатҳу сифати аъло анҷом ёбанд ва  садсолаҳо барои сокинону меҳмонон хизмат расонад. Масири мазкур аз 4 хатти ҳаракат, ҳар кадоме иборат аз 3,5 метр ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ қисмат карда шудааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни шиносоӣ аз корҳои анҷомёфта ба заҳмати мутахассисону коргарон  баҳои баланд доданд.
Дар масофаи қитъаи Қизилқалъа – Кӯшониён – Бохтар, ки 9,2 км-ро дар бар мегирад, 2 пул, 8 истгоҳ, 16 лӯлаи обгузар, 18 ҳазор метри мураббаъ роҳи пиёдагард ва гузоштани аломатҳои ишоравии ҳаракати роҳ дар қитъаҳои гуногуни он ба иҷро расонда мешавад.
Дар вусъати корҳои  созандагӣ мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари  Ҷопон  меҳнати босамар карда  истодаанд. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад. Ин шоҳроҳ василаи хуб дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти гуногун мегардад.

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ЗАБҲИ ПАРАНДА ДАР ШАҲРИ БОХТАР
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафаров Холназар” оғоз бахшиданд.
Коргоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат бунёд шудааст. Масоҳати умумии иншоот 0,6 гектарро ташкил дода, аз долони қабули паранда, забҳхона, ҳуҷраҳои тозакунӣ, поракунӣ, бандубаст, сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти гӯштӣ, инчунин, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Технологияи васлу насбшударо, ки навтарин ва рақамӣ буда, тавассути компютер идора карда мешавад, бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи парандапарварӣ аз хориҷи кишвар ворид кардаанд.
Ин якумин коргоҳи забҳи паранда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Дар заминаи ба кор андохтани коргоҳи мазкур беш аз 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Дар коргоҳ имкон аст дар як рӯз то 10 ҳазор сар паранда забҳ карда шавад. Сардхонаи иншоот аз 7 анбори мутобиқ ба талабот иборат мебошад ва сардӣ дар дохили ҳар кадоми он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегардад. 
Акнун парандапарварон дар минтақаи Бохтар имкон доранд аз хизматрасонии босифат дар самти забҳ ва бандубасти паранда истифода намоянд. Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти гӯштии корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Бохтар дидан карданд.
Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти ватанӣ пешкаш карда шуд. Тибқи иттилоъ, ҳоло дар шаҳри Бохтар 2 корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ фаъолият мекунад. Корхонаҳо дар таъмини бозори истеъмолии минтақа ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми назаррас доранд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи забҳи паранда дар шаҳри Бохтар дар амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат замина мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, онҳоро барои афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании дорои сифати баланд ҳидоят намуданд.

БОЗДИД АЗ ГАРМХОНАҲОИ КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ МУҲСИДДИН “Н” ДАР ШАҲРИ БОХТАР
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти барвақтии кишоварзони шаҳр дидан намуданд.
Майдони умумии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” 10, 14 гектарро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи якум гармхона дар масоҳати умумии 3,3 гектар бунёд ва барои парвариши сабзавоти гуногуни барвақтӣ нигаронда шудааст. Гармхонаро соҳибкорони ватанӣ ба хотири истиқболи сазовор аз Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардаанд.
Ҳоло дар гармхона, асосан, бодиринги навъҳои гуногун, помидор, қаланфури булғорӣ ва боимҷон парвариш меёбад. Сабзавот дар гармхонаҳо ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад. Ҳадаф аз бунёди гармхонаҳо, агар аз як ҷиҳат, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бошад, аз ҷониби дигар, мақсад таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст. Ҳоло дар Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н”-и шаҳри Бохтар 250 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. Оянда бо бунёди марҳилаи дуюми гармхона имкон аст то 450 нафар соҳиби ҷойи кор шавад.
Тавре иттилоъ доданд, маҳсулоти Кооператив барои фурӯш ба бозорҳои шаҳр пешкаш мегарданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди чунин иншооти замонавии истеҳсолӣ изҳори сипос намуда, фаъолияти хоҷагидоронро намунаи ибрат ва боиси таҳсин номиданд. Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Бохтар дидан карданд.
Дар намоишгоҳ, асосан, сабзавоти дар гармхона парваришнамудаи хоҷагидорони шаҳри Бохтар муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он дар истифодаи гармхонаҳо таҷрибаи бой андӯхтаанд ва бо истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар роҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас доранд.
Ба иттилои масъулони соҳа, айни замон дар шаҳри Бохтар дар масоҳати 3 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолият мекунанд. Дар шаҳр инчунин сохтмони гармхонаҳо дар масоҳати 10 гектар идома дорад. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ бошад, зиёда аз 35 гармхонаи доимӣ мавҷуд аст ва, аллакай, маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш бароварда шудаанд. Бо дарназардошти талаботи замон хоҷагидорони шаҳр масоҳати гармхонаҳои типпи навро бештар намуда, кӯшиш доранд, истеҳсоли маҳсулотро дар ҳамаи фасли сол афзоиш бахшанд ва бо ин роҳ дар ғанӣ гардондани бозор бо маҳсулоти сифатнок саҳм гузоранд.

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив