ВАНҶ. НОҲИЯЕ, КИ ЧУН ГУЛ ДАР БАҲОР МЕШУКУФАД

23 май 2025, Ҷумъа
12
Ноҳияи Ванҷ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром рушд дораду дар роҳи пешбурду тараққии иқтисодиёт, маънавиёту фарҳанг ба пешравиҳои зиёд ноил мегардад.
Нахустин сафари Президенти кишвар дар солҳои аввали истиқлолият ба Ванҷ нуру сафо овард. Дар Ҷамоати деҳоти Язгулом аввалин неругоҳи барқиро бо иқтидори 360 киловатт мавриди истифода қарор доданд.
Соли 2018 бо дастури Сарвари мамлакат роҳҳои марказӣ мумфарш гардида, 3 иншооти баландошёна, аз қабили биноҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои 640 хонанда, қасри фарҳанг ва шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи ташрифи Сарвари давлат ба истифода дода шуданд.
Имрӯз симои маркази Ванҷ куллан тағйир ёфта, шаҳраки афсонавиро мемонад. Президенти кишвар дар вохӯрӣ бо сокинон барои сохтмони боғчаи кӯдакон, боғи фарҳангӣ ва боз яку ним километр мумфаршгардонии роҳҳо ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки он дар муддати муайян иҷро шуд.
Соли 2020 боз 3 иншооти муҳим, аз қабили биноҳои комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ва маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид. Чунин авҷи баланди корҳои сохтмонӣ имрӯз ҳам идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ иншооти аҳамияти иҷтимоӣ ва иқтисодидошта, аз ҷумла Парки инноватсионӣ дар деҳаи Рохарви Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев, корхонаҳои бандубасти маҳсулоти лӯбиёӣ, мева, истеҳсоли собун ва коркарди равғани чормағз мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Баъди бунёди он 16 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин, Корхонаи коркарди хокаи мармари ҶСП «Зиркон», воқеъ дар деҳаи Пайшамбеобод бо арзиши умумии 15 миллион сомонӣ, ба истифода дода мешавад. Алҳол дар он 25 нафар коргар фаъолият дорад ва баъди ба истифода додани иншооти мазкур теъдоди кормандонаш ба 30 нафар хоҳад расид.
Дар доираи ободкориҳо сохтмони толори варзиш дар деҳаи Убари Даргов бо арзиши 2,7 миллион сомонӣ аз тарафи ҶСП «МАВҶИ ВАХШ» ва навсозии пурраи роҳи мошингард аз маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба қитъаи шоҳроҳи (Душанбе – Хоруғ) дар масофаи 16 километр идома дорад.
Дар деҳаи Рави Ҷамоати деҳоти Ҷовидон, деҳаи Пойимазори Ҷамоати деҳоти Рованд, деҳаи Жамаги Ҷамоати деҳоти Язгулом сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар арафаи анҷомёбист.
Инчунин, сохтмони 6 маркази рушди барвақтии кӯдак дар деҳаҳои Жамаг, байни деҳаҳои Вишхарв ва Андарбак, Мотравн ва Будуни Ҷамоати деҳоти Язгулом, деҳаи Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидон анҷом пазируфт.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша варзишгоҳи марказии ноҳияи Ванҷ ва хонаи фарҳанги деҳаи Мотравн таъмир гардиданд.
– Бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда Ванҷ ба яке аз ноҳияҳои пешрафтаи саноатӣ табдил хоҳад ёфт, – иброз дошт раиси ноҳия Наҷмиддин Давлатзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
Санаи нашр: 23.05.2025 №: 103