СУҒД. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ТАНТАНА ДОШТ

27 май 2025, Сешанбе
8
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23-юми май) бо ташаббуси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии ҷавонон, дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ, маърифатию адабӣ, форуму конференсияҳо, аксияҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусобиқаву чорабиниҳои варзишӣ баргузор шуданд.
Бино ба иттилои масъулони раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахшида ба Рӯзи ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – неруи созандаи кишвар!”, “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон!”, “Ҷавонон – қувваи бузург ва неруи созанда” аксияҳои тарғиботӣ баргузор ва зиёда аз 3200 маводи таблиғотӣ тақсим шудааст.
Оғози моҳи май дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд – “ISTIQLOL CUP” ба анҷом расид. Ин чорабинии варзиширо федератсияи футболи Суғд дар ҳамкорӣ бо ширкати “Истиқлол гурӯҳ” роҳандозӣ кард.
Дар доираи чорабиниҳои идона, ҳамзамон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи дӯстонаи “Бокс” байни варзишгарони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар Қалъаи Хуҷанд бошад, маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии Комендатураи ҳарбии вилояти Суғд доир гашт.
Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими ботантана супурдани стипендияҳои раиси вилоят барои соли таҳсили 2024–2025 баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш 250 донишҷӯ, магистрант ва аспиранти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияи раиси вилоятро ба даст оварданд. Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2024 шумораи стипендияҳо аз 130 ба 250 расида, ҳаҷми он низ ду баробар афзудааст.
Тантанаҳо ба истиқболи бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома доранд.
Сурайё ҲАКИМОВА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 26.05.2025 №: 104