МУСОБИҚОТИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ РАСМӢ БОШАНД

27 май 2025, Сешанбе
9
Футбол варзиши рақами як дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Футбол дӯстиву рафоқат, муҳаббат, иззату эҳтиром, иттифоқӣ ва якдигарфаҳмист. Футбол одамро аз ҷиҳати ҷисмонию равонӣ обутоб медиҳад. Футбол варзиши дӯстдоштаи наврасону ҷавонон ва калонсолон мебошад. Дар инсон руҳияи хурсандӣ, бардамӣ ва шодиву сурур мебахшад.
Дар кӯчаву хиёбонҳо, деҳу маҳаллаҳо, шаҳру вилоятҳо кӯдакону наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолон футбол бозӣ мекунанд, ки ба ҳукми анъана даромадани ин намуди варзишро бозгӯ мекунад. Яъне, нафаре нест, ки футболро дӯст надорад ва ба ин варзиш шавқу ҳавас надошта бошад.
Боиси хушнудиву сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки 9-уми феврали соли 2024 президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намояд. Ассамблеяи генералии СММ қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд. Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ оид ба футбол зикр шудааст.
Ин ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ беназир буда, дар рушди футбол нақши муҳим гузошта, обрӯю нуфузи Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар арсаи олам афзуд.
Дар кишвар барои рушду ташаккул додани варзиш як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки, аз ҷумла ба рушди варзиши футбол заминаи устувор мегузорад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, Барномаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Тоҷикистон аз қабили чунин санадҳоест, ки марвиди амал қарор доранд. Дар Барномаи рушди футбол омадааст, ки масъулон баҳри баргузор намудани мусобиқаҳои футбол байни дастаҳои деҳот мувофиқи синну сол, корхонаву ташкилот, муассисаҳо чора андешанд. Ҳамзамон, баҳри ташаккул додани футбол дар деҳот, инчунин, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ба камол расондани наврасону ҷавонон нақши муҳим мебозад. Аммо оё барнома дар ҳамаи деҳаҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад?
Дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан, хусусан, дар деҳаи Оби Зулол, солҳои охир мусобиқаҳои футбол гузаронда намешаванд. Баъзан бозии футбол ташкил карда мешавад, вале ғайринақшавӣ. Ҳол он ки дар дигар шаҳру навоҳӣ мутобиқи барномаи зикршуда Лигаи футболи деҳот, Ҷоми раиси шаҳр (ноҳия) ва Ҷоми раиси ҷамоати деҳот таъсис ёфтаанду баргузор мешаванд.
Масъулони деҳоти Нофароҷ бояд доир ба ин масъала андеша кунанд. Наврасону ҷавонони футболдӯст дар деҳот хеле бисёранд. Онҳо мехоҳанд, ки мусобиқаҳои футбол ташкил карда шаванд ва шояд аз байни онҳо дар оянда футболбозони касбӣ ба воя расанд.
Дар маҳаллаҳои деҳоти Нофароҷ, хусусан дар деҳаи Оби Зулол, варзишгоҳ барои гузарондани мусобиқаи футбол мавҷуд аст. Сокинон ният доранд, ки дар назди ин варзишгоҳ, майдон барои футболи хурд низ созанд.
Хуб мешуд, ки масъулон кори худро дар ин самт ҷоннок намуда, барои ташкил ва гузарондани мусобиқоти футбол нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расонанд.
Шерзод КОМИЛӢ,
омӯзгори МТМУ №24-уми шаҳри Истаравшан
Санаи нашр: 26.05.2025 №: 104