ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. РУШДИ СОҲА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Дар шароити шакливазкунии ҷомеаи муосир рақамикунонӣ, ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб мераванд.
Паҳншавии технологияи рақамӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа, иқтисодиёт ва давлатро муайян мекунад. Рақамикунонӣ тамоми соҳаҳои ҳаётро аз иқтисод то маориф, тиб ва фарҳанг дигаргун месозад, принсипҳои ташкили кор, истеҳсолот ва истеъмол, инчунин, усулҳои ҳамкории одамонро тағйир медиҳад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 28-уми декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро – Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карданд.
Чуноне таҳлилгарон иброз медоранд, дар шароити иҷрои пайгиронаи стратегияҳои давлатӣ, татбиқи самаранокии ислоҳот ва ҷалби васеи захираҳои зеҳнию молиявӣ Тоҷикистон метавонад дар даҳ соли оянда мавқеи шоистаро дар радабандии ҷаҳонӣ дар самти инноватсия ва технологияи рақамӣ ишғол намояд.
Тоҷикистон ҷиҳати гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Гузариш ба иқтисоди рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисоди давлат қадами муҳим аст. Он имконияти кам намудани вақти барориши маҳсулоти нав ба бозорро таъмин намуда, дараҷаи истеҳсолотро баланд мебардорад.
Рақамикунонии на танҳо навсозии технологӣ, балки омили рушди иқтисодӣ ҳам ҳаст. Ба ҳамин тариқ, зимни татбиқи консепсияи ҳукумати электронӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии ҷомеа ва ҳокимият тағйироти сифатӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Аз ин хотир, тамоми давлатҳо кӯшиш бар он доранд, ки дар фазои идоракунии давлатӣ ислоҳот ба вуҷуд оранд.
Паёми навбатии Сарвари мамлакат чунин вазифагузориро муайян намуд ва акнун мо – омӯзгоронро зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем, то сатҳу сифати таълимро боло бурда, толибилмони огоҳ аз техникаву технологияи муосирро тарбия намоем.
Гулрӯ САБУРОВА,
омӯзгори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 27.05.2025 №: 105
