ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИТОҲИ ОСОРХОНАИ ДМТ 

ИФТИТОҲИ ОСОРХОНАИ ДМТ 

25 апрел 2023, Сешанбе
12
0


Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар назди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осорхонаи умумидонишгоҳӣ  ифтитоҳ шуд. Дар  он Қобилҷон Хушвахтзода, ректори ДМТ ва ҳайати устодону кормандони факултет иштирок намуданд. 

Таъкид гардид, ки осорхона бо мақсади муаррифии дастовардҳои факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуда, дар он дастовардҳои ҳайати устодону донишҷӯёни он тули солҳои фаъолият  ҷамъоварӣ шудааст. Дар осорхонаи мазкур, аз ҷумла  асарҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳамчунин, дар он таҷҳизоти муосир барои баргузории дарсҳои маҷозӣ (онлайнӣ), видеоконференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмиву амалӣ насб шудааст, ки имкон медиҳад омӯзгорону донишҷӯёни факултет ба таври маҷозӣ дар озмуну олимпиада, конференсияву семинарҳои байналмилалӣ иштирок намоянд. Дар оянда дарсҳои ба тариқи онлайн гузарондашуда ва видеодарсҳо низ сабт ва нигоҳдорӣ мешаванд.

Сумая АБДУҲАМИДОВА

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив