ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМОИШИ НОЗИРОНИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

ҲАМОИШИ НОЗИРОНИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

25 апрел 2023, Сешанбе
59
0

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳтиром ба таърихи халқи худ ва то наслҳои минбаъда бурда расондани он ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Инъикоси таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»  конференсияи ҷумҳуриявӣ ва семинари илмӣ - назариявӣ ва омӯзишӣ барои нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар баргузор гардид. 

Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки дар Осорхонаи миллӣ доир шуд, бахши аввали барнома гардид. Чорабинӣ бо ифтитоҳи намоиши «Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон» ва рӯнамоии  китобҳои таърихию фарҳангӣ оғоз шуд. 
Вазири фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода иштирокчиёни чорабиниро ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ табрик намуд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва котиби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ва ИСЕСКО Зулфия Бурҳон дар суханрониҳои худ ба масъалаҳо оид ба кашф, ҳифз ва муаррифии меъроси таърихӣ дахл намуданд. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон 3 ҳазору 413 обидаҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд. Аз ин шумора 2 ҳазору 408 ёдгории бостонӣ, 798 ёдгории меъморӣ ва 441 ёдгории монументалӣ мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ чанде пеш Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақоларо дар мавзуи «Ҳифзи меъроси таърихӣ - вазифаи ҳар яки мост!» эълон намуд. Дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ он ҷамъбаст гардида, ғолибон эълон ва қадрдонӣ шуданд.  Ғолиби озмун Зайниддин Орифӣ аз иқдоми пешгирифтаи Вазорати фарҳанг ва  Академияи миллии илмҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт: «Ҳар ёдгорӣ далели таърихӣ маҳсуб меёбаду аз фарҳангу таърихи ҳазорсолаҳои миллати мо гувоҳӣ медиҳад.  Моро мебоист, ки баҳри ҳифзу муаррифии таърихи хеш ва инъикоси меъроси таърихию фарҳангӣ фаъол бошем». 
Дар семинари илмиву назариявӣ ва омӯзишӣ Мирзошариф Абдусаломов, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, Дилшод Раҳимӣ, мудири маркази мероси фарҳангии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Абдураҳмон Пӯлодов, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ маъруза намуда, ба масъалаҳои марбут ба ин самт андешаҳои худро ироа доштанд.     
Дар доираи ҳамоиш нозирон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатии шаҳри Душанбе дидан намуданд.  

Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият" 

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив