ТОҶИКСТАНДАРТ. НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА ТАҲЛИЛ ШУД
Бино ба иттилои Мурод Ашуров, сардори шуъбаи матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ ба миқдори 90 650 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ сабт шудааст, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ (45 389 кг) ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон (45 261 кг) ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
Аз ҷумла, дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентӣ 9764 кг маҳсулоти гӯштӣ, 16 796 кг қаннодӣ, 1971 кг ширӣ, 1511 литр нӯшокиҳои спиртӣ ва 1377 литр ғайриспиртӣ, 16011 кг иловагиҳои ғизоӣ, 2089 кг равғани рустанӣ, 9517 кг намак ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон воридотӣ ба ҳисоб мераванд ғайристандартӣ дониста, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба воридкунандагони он чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Моҳи марти соли равон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳайати комиссия маҳсулоти ғайристандартие, ки аз муомилот гирифта буданд, барои нобудсозӣ равона гардид.
Дар раванди гузарондани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя нашудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 2031 ҳолат ба маблағи умумии 564 468 сомонӣ ҷарима ситонда шуда, ба буҷети давлатӣ пардохт гардид.
Назорати талаботи бо либоси ягона таъмин будани фурӯшандагони нуқтаҳои савдо ва бозорҳо пайваста зери таваҷҷуҳи масъулон қарор дорад. Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ, барои вайрон намудани қоидаҳои савдо, хусусан ҷиҳати риоя накардани талабот оид ба либоси ягона, дар 477 ҳолат ба маблағи умумии 118 456 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин шудааст.
Тавре Парвиз Муҳибов, сардори нозироти савдои Агентӣ иброз дошт, дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ аз маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, соҳибкорони инфиродӣ ва нуқтаҳои хизматрасон даъват ба амал оварда шуд, ки фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасонро бо либоси ягонаи махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд.
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷиҳати истифодаи тарозуҳо ҳангоми хариди маҳсулоти ғизоӣ бо иштироки мутахассисони раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронда шуда, барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт ва ба тартиб даровардани истифодабарии «тарозуҳои назоратӣ» дастуру тавсияҳои муфид дода шуд.
– Тавассути гузарондани вохӯ-рӣ ва семинар – машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯ-шандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият ёфтанд, ки дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолашон гузашта дархост ворид гаштааст. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост, зиёда аз 20 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолашон гузаштаанд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ ворид ва несту нобуд карда шуд, – гуфт Парвиз Муҳибов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85