ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. ТАҲКИМИ НАҚШИ ЗАНОН ДАР РОҲИ РУШД
Дар замони ҷаҳонишавӣ рушди устувори иқтисодиёт беш аз пеш ба технология, рақамикунонӣ ва навовариҳо такя мекунад. Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар роҳи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Бинобар он ки Ҳукумати кишвар занонро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намудааст, барои ҷалби онҳо низ ба ин раванд ташаббусҳои созандаро амалӣ менамояд, зеро занони тоҷик дар тамоми соҳаҳо фаъолона иштирок карда, дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва тиҷорат, ғояҳои нав пешниҳод менамоянд, ки метавонанд бо истифода аз технологияҳои нав амалӣ шаванд.
Ҳукумати кишвар бо дарки ин нукта, ки таҳкими нақши занон дар рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ ба болоравии сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад ва ба рушди иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи мутараққӣ замина мегузорад, тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ташкил кардани марказҳои омӯзиши рақамӣ барои занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, ки ин ташаббусҳо ба таҳкими нақши занон дар рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ мусоидат менамояд.
Маркази "Алгаритми нав" дар Хуҷанд, ки бо роҳбарии Умеда Пӯлотова фаъолият мебарад, аз соли 2020 барномасозиро барои ҷавонон, хусусан духтарон, меомӯзонад. Марказ, аллакай, беш аз 1500 нафарро таълим додааст ва бо ташкили курсҳои махсус барои духтарон дар технологияҳои иттилоотӣ (IT) саҳми назаррас гузоштааст.
Ҷомеаи муосир бояд бо истифода аз тамоми захираҳо, аз ҷумла иқтидори бузурги зеҳнии занон, ба самти тараққиёти босубот ва фарогир равона гардад. Дар Тоҷикистон 50,9 фоизи аҳолиро занон ташкил медиҳанд, ки бештари онҳо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, савдо ва кишоварзӣ фаъоланд. Бо вусъати иқтисоди рақамӣ имкониятҳои занон барои фаъолият дар самтҳои нав, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, таҳияи барномаҳо, тиҷорати онлайн ва таҳлили маълумот, васеъ гардидааст.
Имрӯз бо рушди технологияи иттилоотӣ ва рақамисозии ҳаёти ҷамъиятӣ фазои рақамӣ ба як бахши муҳими зиндагии инсон табдил ёфтааст. Тоҷикистон низ дар ин самт тадриҷан рушд мекунад. Дар чунин шароит нақш ва иштироки занон дар ин фазо на танҳо масъалаи баробарии гендерӣ, балки шарти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Зан ва Замин” Муҳаббат Муҳаммадалиева дар мавриди иштироки занон дар фазои рақамии Тоҷикистон чунин гуфт:
– Яке аз монеаҳои асосии ҳамгироии занон ба фазои рақамӣ ин сатҳи пасти саводи рақамӣ мебошад. Бисёре аз занон, махсусан дар деҳот, имкони омӯзиши кор бо компютер, смартфон ва барномаҳои рақамиро надоранд. Ин масъала ба таври ҷиддӣ имкониятҳои онҳоро дар таҳсил, кор ва соҳибкории онлайн маҳдуд мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон дар якчанд барнома ва стратегияҳои миллӣ ба масъалаи иштироки гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла занон, таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Илова бар ин, ташкилоти ҷамъиятӣ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ барои баланд бардоштани саводи рақамии занон барномаҳои омӯзиширо ба роҳ мондааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди мушкилот, шумораи зиёди занон дар Тоҷикистон аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода мекунанд. Шабакаҳои мисли Facebook, Instagram ва TikTok барои занон имкони баён, тарғиби фаъолияти касбӣ, омӯзиш ва даромади молиявиро фароҳам меоранд. Аммо, ҳамзамон, онҳо бо таҳдидҳои рақамӣ, мисли киберозорӣ, бадномкунӣ ва дахолат ба ҳаёти шахсӣ, рӯ ба рӯ мешаванд.
Бо вуҷуди дастовардҳо, ҳанӯз ҳам монеаҳои иҷтимоӣ, саводи нокифояи рақамӣ ва набудани дастрасии фарогир ба интернет дар минтақаҳои дурдаст барои иштироки фаъоли занон дар иқтисоди рақамӣ халал мерасонад. Барои ҳалли ин мушкилот, ҷалби бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва васеъ кардани ҳамкории байналмилалӣ зарур мебошад. Ташкили курсҳои омӯзишии ройгон барои занон, махсусан дар деҳот, хеле муҳим аст. Дастгирии соҳибкории рақамӣ, барномаҳои грантӣ ва машваратӣ барои заноне, ки мехоҳанд тиҷорати онлайнро роҳандозӣ кунанд, айни муддаост. Иштироки фаъоли занон дар фазои рақамии Тоҷикистон метавонад ба рушди устувори кишвар мусоидат намояд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111
