САНО БАР ИЛМУ АНДАРЗАТ, ҶАҲОНМАРД

10 июн 2025, Сешанбе
10
Ҷаҳонмарди фидокору накурӯ
Ҳамеша дар талошу дар такопӯ.
Ба ҳифзи обу боду хоку оташ
Барои ин ҷаҳони бас мунаққаш,
Басо андеша кард, омад ба гуфтор,
Бубояд, ки биёбам ман раҳи кор.
Ҷаҳон беобу хоку боду оташ,
Бимонад лолу ҳайрону мушавваш.
Хазон гардад Замин, олам бимирад,
Само бар ҳоли ин гардун бигиряд.
Набояд, ки шавад аз даҳри мо кам
На обу хоку пиряхҳои олам.
Зи чор унсур як бемор гардад,
Фалак аз ранҷи ӯ ғамдор гардад.
Амал бояд ба илми худшиносӣ,
Зи ранҷаш ту маҷӯ роҳи халосӣ.
Ҷаҳонмардони ботадбиру тамкин,
Кай осояд Замин аз ранҷи сангин?
Вуҷуде аз ҷаҳони обу хокем,
Зи даҳри оташу аз боди покем.
Чу панҷ афкори ман баҳри табиат,
Ба кор омад ба ҳар як қавму миллат.
Ба панҷ андешаи неку бамаврид,
Набуд андар ҷаҳон бар он касе зид.
Чу ҳар як баҳри ин олам зарур аст,
Ҳама он баҳри шодию сурур аст.
Вале аз гармию аз дасти одам,
Ҷаҳони мо бишуд побанди сад ғам.
Самову пардаи он ҳам зарар дид,
Фузун тафсоние кӯҳу камар дид.
Ҳазорон пирях, ки об гаштанд,
Дарахтон дар замин нотоб гаштанд.
Чунон иқлими ин олам дигар шуд,
Замини зиндагӣ зери хатар шуд.
Гази гулхонаӣ бар осмон рафт,
Вуҷуди хоку оби ин Замин тафт.
Нагирад одамӣ гар пеши ин кор,
Ҳаёт андар сайёра мешавад хор.
Зи соли ду ҳазору сеи мелод,
Басо аз панди Раҳмонӣ садо дод.
Ба соли ду ҳазору бисту панҷум,
Вакил омад зи Шарқу Ғарбу аз Рум.
Бишуд хуш Анҷуман, ҳам бас мутантан,
Зи файзи Пешво дар қалби Меҳан.
Аз ин рӯ, оламиёнро хабар дод,
Сухан бар ҷо расид охир, самар дод.
Сано бар илму андарзат, Ҷаҳонмард,
Раҳо созӣ табиат аз ғаму дард.
Амиршоҳи ХАТЛОНӢ
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113