РАШТ. БО ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ ҲУКУМАТ РӮ БА РУШДЕМ!

10 июн 2025, Сешанбе
17
Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шаҳри Душанбею марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, балки тамоми гӯшаву канори ҷумҳуриамон, ҳатто дурдасттарин маҳалҳои истиқоматӣ, симои худро бакуллӣ дигар намудаанд.
Инро мо дар мисоли ноҳияи Рашт бахубӣ эҳсос мекунем. Биноҳои баландошёнаву замонавии дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалак қоматафрохта ба ҳусни ин диёри афсонавӣ ҳусни дигаре зам намудаанд.
– Ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат боиси боло рафтани ташаббусҳои сокинон гардиду марҳалаи нави созандагӣ дар ҳама гӯшаву канори ноҳия оғоз ёфт, – иброз дошт Заррина Идизода, раиси ноҳияи Рашт.
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар доираи нақшаи корӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 307 иншоот ба нақша гирифта шуда, беш аз 213-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар 94 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд.
Вобаста ба амалишавии Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021-2025 боз 256 иншооти дигар бунёд хоҳад ёфт. Танҳо дар соҳаҳои маориф 39 бинои муассисаи таълимӣ, тандурустӣ 15 бинои беморхонаву маркази саломатӣ ва варзиш 34 толору майдонҳои варзишӣ сохта мешаванд.
Заминларзаи шадиде, ки 11-уми апрел дар ин минтақа ба вуқуъ пайваст, хисороти зиёд ба бор овард. Дар 11 деҳаи деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалон 150 хонаи истиқоматӣ осеб дидааст. Аз ҷумла, 34 хона пурра ва 116 хона қисман вайрон шуда, ба 134 хонаи истиқоматию 59 бинои ёрирасон зарари сабук расидааст. Ба зарардидагони зилзила аз тарафи Ҳукумати мамлакат кумакҳои пайваста, аз қабили маводи хӯрокаю масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор расида истодаанд.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ 34 хонаи истиқоматие, ки пурра вайрон шудааст, биноҳои истиқоматии нав бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ сохта мешаванд.
Ба 116 хонаи истиқоматии қисман вайроншуда маводи сохтмонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат пурра дастрас шуда, аз ҷониби соҳибхонаҳо ва аҳолии ноҳия тариқи ҳашар биноҳои нав қад меафрозанд. Ба 193 оилае, ки зарари сабук дидааст, 2 маротиба маблағ ва маводи хӯрока аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонда шуд.
Вобаста ба ин, бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагон дар маҷмуъ, 150 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароитҳо сохта мешавад.
– Сокинони ноҳияи Рашт аз он ифтихор доранд, ки дар доираи иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар, махсусан таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, биноҳои нави замонавӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ бунёд ёфта, ба ин васила, ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд. Ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ аз он далолат мекунанд, ки мардуми ноҳияи Рашт дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ дониста, баҳри шукуфоии сарзамини худ ва барои зиндагии шоиста содиқона ва дилгармона заҳмат мекашанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.06.2025 №: 114