ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

10 июн 2025, Сешанбе
27
ПОРА
Корманди милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ ба даст афтод
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар шаҳри Исфара М. Шукурзодаро бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кардааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентӣ хабар дода, зикр менамояд: “М. Шукурзода ҳамчун шахси мансабдор қасди гирифтани пораро назди худ пеша намуда, моҳи феврали соли 2025 барои дар доираи ваколатҳои хизматиаш ба манфиати намояндаи порадиҳанда М.М. иҷро кардани амали муайян, яъне нисбат ба додари номбурда дар доираи парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ қарордошта оғоз накардан ва қатъ намудани қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ бинобар дар кирдораш мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, аз шаҳрванд М.М. 20000 сомонӣ талаб намуд”.
Вале, баъд аз гирифтани ин миқдор маблағ ба сифати пора дар дохили воситаи нақлиёти худ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳудуди шаҳри Исфара дастгир шуда, маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуданд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба муфаттиш бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳоло барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад.
БАРҚ
Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи 37 ҳазору 144 сомонӣ
Нисбат ба сардори қитъаи барқии “Даҳана ва Зиракӣ”-и шаҳри Кӯлоб, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 60-сола ном мебарад, барои тасарруфи маблағи молу ашёҳои шабакаҳои барқӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбаршаванда аз моҳи август то ноябри соли 2024 аз амбори шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб 15 флажок, 20 изолятори ИО-10, 50 изолятори ШС-10, 50 изолятори ШФ-10, 2 рубилники 630 Ам-ро барои таъмир гирифта, ин номгӯи ашёро аз рӯи таъинот истифода накарда, бо ин амалаш ба шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб 37 ҳазору 144 сомонӣ зарари молӣ ва моддӣ расондааст.
Айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 245 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
ҚАЛЛОБӢ
“Соҳибкор”-и фиребгар ба курсии айбдорӣ нишаст
Аз сӯи мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошим нисбат ба марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия ба гумони қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а”, “в” Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Сомонаи ВКД дар ин бора хабар дод, ки номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2024 худро соҳибкор муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб аз ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ишкошим 110 сар чорвои майдаро ба маблағи умумии 190 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Аммо аз ин маблағ, танҳо 13 ҳазор сомониашро дода, боқимонда пули чорворо ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2025 №: 114