Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

11 июн 2025, Чоршанбе
15
10-уми июн дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошкент Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вохӯрд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро анъанаҳои неки чандинасраи ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи манбаъҳои табиӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика равона гардид. Ҷонибҳо дурнамои рушди устувори муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои созандаро умедбахш арзёбӣ намуданд.
Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт бо ҳайати шахсии раёсати ВКД дар минтақаи мазкур ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, зимни мулоқот вазир кормандону афсаронро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол доимо омода бошанд.
Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои вазъи сиёсӣ-крименогении дунё, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили террористӣ, экстремистӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ибрози андеша шуд.
Иштирок дар Шурои соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон
Тавре хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, аз 5-ум то 10-уми июн дар Деҳлии Нав чорабинии сатҳи баланд – муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон» баргузор гашт. Дар доираи он, ҳамчунин, ҷаласаи Шурои соҳибкорон низ доир шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ тазаккур дод, ки Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориҳои судманди худро тавассути ҳамкориҳои мутақобилан муфид дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва саноат таҳким мебахшанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ равона гардид.
Ҷаласаи Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани ИДМ
11 масъалаи муҳими марбут ба ҳамкории мақомоти роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои ИДМ дар ҷаласаи 82-юми Шурои маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Иттиҳод, ки 10-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа роҳбарони маъмуриятҳои роҳи оҳани кишварҳои ИДМ ва давлатҳои Балтика масъалаҳои марбут ба фаъолияти мунтазами хоҷагидорӣ ва молиявии идораҳои роҳи оҳан, сиёсати тарифӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон, таҳияи нақшаҳои ҳамкории минбаъдаи маъмуриятҳои роҳи оҳан ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро матраҳ намуданд.
Аккредитатсияи байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, соҳиби сертификати Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) гашт.
Маркази матбуоти Академия хабар медиҳад, ки дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти АМИТ аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Директори генералии IAAR Алина Жумагулова иброз доштааст, ки аккредитатсияи бомуваффақият нишонаи қобилияти баланди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, омодагии он барои ҳамкории байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Санаи нашр: 11.06.2025 №: 115