ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ ТАШАББУСҲО БА НАФЪИ БАШАРИЯТ
Соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони чандин чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ гардид, ки яке аз онҳо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Конфронси мазкур рӯзҳои 29-31-уми май дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 2500 нафар меҳмони воломақом, коршиносону намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон доир гардид.
Конфронси мазкур василаи муҳими муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва гузоштани гомҳои устувор дар самти ҳифзи муҳимтарин объекти табиӣ ва сарчашмаи аслии таъмини оби нӯшокӣ, яъне пиряхҳо, ба ҳисоб меравад.
Дарвоқеъ, баргузории ин Конфронс дар Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳифаи навро бозкушоӣ намуда, қадами устувор барои тарҳрезии иқдомҳои навбатӣ дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани обшавии пиряхҳо дониста мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад. Ин иқдоми навбатии ҷониби Тоҷикистон барои муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тадбирандешӣ бобати саҳмгузорӣ дар пешгирии аз байн рафтани пиряхҳо заминаи созгор мегузорад. Таҳия ва қабули ин ҳуҷҷат саҳми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалиро барномарезӣ ва мушаххас намуда, боиси пешгирии омилҳои таъсиррасон дар обшавии пиряхҳо мегардад. Метавон таъкид намуд, ки таҳияи Cтратегияи мазкур барои татбиқи амалии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо заминаи мусоид мегузорад.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ пайваста саҳми худро бо ташаббусҳои беназир гузошта истодааст. Ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт ва дар заминаи он Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гардид, характери умумибашарӣ дошта, на танҳо барои аҳолии Тоҷикистон, балки барои тамоми аҳолии кураи Замин равона гардидааст. Ҳамин аст, ки чунин ташаббусҳо мавриди ҷонибдориву дастгирии тамоми аҳли башар қарор мегиранд.
Ҳуснуддин САИДОВ,
мудири шуъбаи тарбияи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Санаи нашр: 11.06.2025 №: 115
