СОДИРОТИ МАШРУБОТИ ТОҶИКИСТОН. ДАРКУШОӢ КУНЕМ, НА ДАРБАНДӢ

11 июн 2025, Чоршанбе
26
Дар ғурбат аз забони ҳар касе номи Ватан ва маҳсулоти онро мешунавед, ба дилатон фараҳ роҳ меёбад. Ҳамин гуна давоми будубош дар Федератсияи Россия чанд бор бо нафароне дучор шудам, ки бо ҳавас аз нӯшобаҳо ва машруботи истеҳсоли Тоҷикистон пурсиданд. Яке аз ҳамкорон чанд маротиба маро медиду бо даҳони обкушода “Ҷоми Ҷам” мегуфт. Албатта, манзури мо тарғиби нӯшиданиҳои алкоголӣ нест, аммо вақте гап сари истеҳсоли Тоҷикистон меравад ва он ҳам бо баҳои баланд, ҳар чизе бошад, боиси ифтихор аст.
Ин як бор набуд, ки моро дар Россия аз нӯшобаҳои Тоҷикистон мепурсиданд. Вале, мутаассифона, ҳар навъи онро, ки хоҳиш мекарданд, пайдо намуданаш имкон надошт. Ҳамон ҳамкорам, ки аз ман чанд маротиба як қуттӣ аз машруботи истеҳсоли Тоҷикистон бо номи “Ҷоми Ҷам” хоҳиш намуд, пайдо карда натавонистам. Дар ҳоле ки ин муштарӣ омода буд, онро бо ҳар қимате бихарад. Чаро ин маҳсулоти Тоҷикистон бо фаровонӣ вориди бозори ҷаҳонӣ нагардад?
Ба гуфтаи Ислом Гадобоев, ҷонишини директори ҶСК “Заводи машруботбарории Душанбе”, чунин дархостҳо аз хориҷ барои дастрас кардани машруботи Тоҷикистон зиёд аст.
– Соли 2023 аз ширкати “GTD Corporation” (Куриёи Ҷанубӣ) ба унвонии банда номаи махсус вориди корхона шуд, ки аз мо 40 вагон машрубот фармоиш додааст. Аммо бо сабаби надоштани иҷозати содирот мо натавонистем, ин талаботи муштариёни куриёиро қонеъ созем. Ҳамзамон, дархостҳо аз Федератсияи Россия барои дастрас намудани машруботи истеҳсоли Тоҷикистон, аз ҷумла аз корхонаи мо, зиёд аст. Айни замон “Заводи машруботбарории Душанбе” 40 номгӯи машрубот истеҳсол мекунад, ки танҳо ба бозори дохилӣ ворид мегардад. Агар маҳдудиятҳо дар ин ҷода набошанд, истеҳсоли мо низ бовар аст, меафзояд, – илова кард Ислом Гадобоев.
Ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз аввали сол ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 140 литр машруботи навъи вино содир шудааст. Ҳол он ки имкониятҳои винобарории Тоҷикистон бо сифати баланду стандарти ҷаҳонӣ зиёд аст.
Дар ҳоле ки воридкунандагони машруботи истеҳсоли хориҷӣ кам нестанд, чӣ мушкил дорад, ки бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ маҳдудиятҳои мавҷударо дар самти содироти он таҷдиди назар намоем?
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.06.2025 №: 115