КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ. КОНСЕРТИ ҲИСОБОТӢ ТАНТАНА ДОШТ

11 июн 2025, Чоршанбе
9
9-уми июни 2025 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти ҳисоботии устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов дар давраи соли таҳсили 2024-2025 дар сатҳи баланд доир шуд.
Баъд аз иҷрои барномаи консертӣ аз номи маъмурияти таълимгоҳ як қатор устодон ва донишҷӯён бо сипоснома ва ифтихорнома қадр гардиданд.
Д. ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.06.2025 №: 115