Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад оли Наҳён
11-уми июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндаи аршади оилаи ҳокими Амороти Абу-Забӣ Шайх Сурур бин Муҳаммад оли Наҳён мулоқот намуданд.
Тавре шуъбаи иттилооти МИМҲД шаҳри Душанбе хабар додааст, зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сохтмону сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инноватсия, «иқтисоди сабз» ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо директори генералии «Роҳи оҳани Россия»
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси Шурои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ, директори генералии ҶСК «Роҳи оҳани Россия» Олег Белозёров мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот доир ба густариши ҳамкорӣ барои тавсеаи имкониятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва василаҳои пайвастани он ба шоҳроҳҳои баҳрию бозорҳои ҷаҳонӣ табодули судманди афкор анҷом дода шуд.
Шиносоии муовини Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Рашт
11-уми июн дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои зист барои оилаҳои бар асари офати табиӣ – заминҷунбӣ, зарардида дар ноҳияи Рашт шинос гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии мо Худойдоди Зайниддин хабар медиҳад, муовини Сарвазир бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар ин мавзеъ аз наздик шинос гардида, ба масъулон барои босифат ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастур ва маслиҳатҳои муфид дод.
Ширкати Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабиниҳои ҷашнии ЮНЕСКО
11-уми июн вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Париж дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ (IHP)-и ЮНЕСКО ва 60-солагии илмҳои оби ЮНЕСКО иштирок намуд.
Тавре хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҳадаф аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо мебошад.
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии меҳнат
10-уми июн дар шаҳри Женева Конфронси байналмилалии меҳнат оғоз гардид, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, ки дар иҷлосияи имсола доираи васеи масъалаҳои марбут ба соҳаи меҳнат, ба монанди стандартҳои эҳтимолии нави байналмилалӣ оид ба ҳифзи коргарон аз хатарҳои биологӣ дар муҳити корӣ, кори шоиста дар иқтисоди рақамӣ ва равишҳои инноватсионӣ барои пешбурди гузариш аз иқтисоди ғайрирасмӣ ба иқтисоди расмӣ баррасӣ мегарданд.
Ҷаласаи дуюми вазирони илм, технология ва инноватсия дар Чин
11-уми июн дар шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи дуюми вазирони илм, технология ва инноватсия дар доираи ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» оғоз гашт.
Дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба мо хабар доданд, ки ин чорабинӣ яке аз ҳамоишҳои муҳими байналмилалӣ дар самти густариши ҳамкории илмӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ мебошад.
Ҳадаф аз баргузории он таҳкими робитаҳо дар бахшҳои афзалиятноки илму техника, дастгирии таҳқиқоти муштарак ва мубодилаи таҷриба дар самтҳои муосири инноватсионӣ арзёбӣ мегардад.
Санаи нашр: 12.06.2025 №: 116
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ