АЗ ДУШАНБЕ ТО НИТСА. НУФУЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБ ВА КРИОСФЕРА
Дар ҷаҳони муосир масъалаҳои обу иқлим ва тағйирёбии муҳити зист аз муҳимтарин масъалаҳои глобалӣ ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистон ва сарбанди муҳими захираҳои обии минтақа мебошад, дар ин самт нақши калидӣ ва масъулияти бузургро бар дӯш дорад.
Маҳз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар заминаи мушкилоти глобалӣ дар бахши обу иқлим барномаҳо ва ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ муаррифӣ шудаанд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти обу муҳити зистро таъкид мекунанд. Аз ҷумла, ташаббуси Тоҷикистон дар эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ ва роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ барои солҳои 2025-2034 нишонаи барҷастаи сиёсати ташаббускорона ва масъулияти байналмилалии кишвар мебошад.
Ин иқдом бо пешниҳоди ташаббусҳои мушаххас ва амалии таърихӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист ва рушди илми яхшиносӣ равона шудааст, собит менамояд, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нақши муассир мебозад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки Тоҷикистон дар таҳияи стратегияи муосири ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии худ муваффақ шавад. Воқеаи барҷастаи рушди дипломатияи ташаббускоронаи Тоҷикистон дар самти обу иқлим оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ барои солҳои 2025-2034 дар шаҳри Нитсаи Фаронса мебошад. Ин иқдоми сатҳи байналмилалӣ дар доираи СММ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавонист таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ва дастгирии созмонҳои калидиро барои ҳифзи пиряхҳо ва таҳқиқи муҳити зист ба даст орад. Нитса ҳамчун макони баргузории чорабинии муҳими байналмилалӣ, ки бо иштироки кишварҳои зиёди ҷаҳон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ доир шуд, нишон дод, ки дипломатияи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ қобилияти беназир дорад. Ин ташаббус бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои криосферӣ ҳамчун омили муҳими устувории экологӣ ва обу иқлим эълон гардид. Тоҷикистон бо ирода ва сиёсати устувори Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳимро касб кардааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар СММ ва дигар платформаҳои байналмилалӣ дар самти обу иқлим боиси эътирофи байналмилалӣ гардиданд.
Ҳамчунин, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони байналмилалӣ барои идоракунии захираҳои обӣ ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим қадамҳои устувор ва муассир мегузорад. Ин равиш на танҳо ба ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии минтақа, балки ба таҳкими эътимод ва ҳамкориҳои мутақобила дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мусоидат менамояд. Натиҷаҳои дипломатияи ташаббускоронаи Тоҷикистон дар самти об ва криосфера барои оянда рӯшанӣ мебахшанд ва кишвар ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Зеро тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои обӣ боиси мушкилоти ҷиддӣ барои ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, мегарданд. Тоҷикистон метавонад бо идомаи ташаббусҳо ва ҷалби неруҳои илмӣ, техникӣ ва молиявӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва таҳқиқоти яхшиносӣ нақши худро ҳамчун як пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим нигоҳ дорад ва тавонад бо ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат кунад. Аз Душанбе то Нитса роҳҳои муваффақияти дипломатияи Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва криосфера нишон медиҳад, ки кишвари кӯҳистон ва дорои захираҳои бойи обӣ чи тавр метавонад дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир ва пешбаранда дошта бошад.
Матлуба ИЗЗАТОВА, мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ, дотсенти ДМТ
Санаи нашр: 13.06.2025 №: 117
