ИСТАРАВШАН. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ОЯНДАСОЗ

19 июн 2025, Панҷшанбе
15
Чанде пеш бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи неруи барқ дар толори Қасри фарҳанги ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода машварати муфиду саривақтӣ дар мавзуи “Мавриди амал қарор додани талаботи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пурсамару оқилона истифода кардани неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти барқ ва пешгирии қонунвайронкуниҳои маъмуриву ҷиноятӣ” доир гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони 9 шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва масъулону кормандони шабакаҳои тақсимоти барқи “Истаравшан”, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва сокинони касбу кори гуногун ширкат доштанд.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода зимни суханронӣ аҳамияти муҳими ҳаётӣ доштани истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқро таъкид дошт. Зикр гардид, ки яке аз омилҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, инчунин, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум, ин бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ба шумор меравад, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ҳамарӯза тадбирҳо меандешад.
Тавре таъкид шуд, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст. Зикр шуд, иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷавобгарӣ дар самти истифодаи нодурусти неруи барқро пурзӯр менамоянд, дар шароити феълӣ аҳамияти калидӣ дошта, барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ нақши бориз мегузоранд.
Усмоналӣ Усмонзода зикр намуд, ки талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Спитамен, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба назар мерасад. Ҳамзамон, аз ҷониби муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус дар филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Истаравшан”, ғайримақсадноку ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маълумоти комил баён карда шуд.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120